Табобат бигир ва бидуни сил зиндаги намо

Табобат бигир ва бидуни сил зиндаги намо
Март 20
07:16 2018

Табобат бигир ва бидуни  сил зиндаги намо

Аз руи тадқиқотҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустї  имрӯз дар сайраи замин аз се як ҳиссаи аҳолӣ     сироятёфтаи барангезандаи сил мебошанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки   аз се як нафари мо имрӯз  сироятёфтаи ин намуди беморӣ мебошем. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба рӯйхати сиёҳи давлатҳои ба бемории сил гирифторбуда шомил нестанд, вале   вазъи бемории сил дар ҷумҳурии мо  чун дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ташвишовар боқӣ мемонад.  Мувофиқи таҳлилҳои пажуҳишгарон танҳо 10 дар сади  нафарони ба сил сироятёфта  дар давоми ҳаёти худ ба бемории сил гирифтор мешаванд.

Назаре ба табиати бемории сил

Бемории сил (туберкулез аз калимаи лотинӣ tuberculum  «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) Сил бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот мебошад, ки барангезандаи он микробактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва бофтаҳои  дигари бадан низ асар мегузорад. Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст. Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар озмоишгоҳ (лаборатория) барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох  ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд.  Ҳоло табибони   силшинос аз истилоҳи микробактерияи бемории сил истифода мебаранд. Бемории сил аз инсон ба  инсон тавассути ҳаво  паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои бемории сил аз шахсони гирифтори ин намудаи беморӣ ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.

Олимон бар он назаранд, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили  ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори ин беморӣ  шудани онҳо дар тӯли ҳаёт   10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ, хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.

Ба иқрори мутахассисон нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми маризон ҳангоми гирифтор будан ба шакли фаъоли ин намуди беморӣ  нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки муфовиқи таҳлилҳо дар давоми як сол инсони гирифтори бемории сил дар ҳолати риоя накардани талабот метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор доранд, сироят намояд.

Олимони соҳа бар он назаранд, ки бемории сил танҳо шуши инсонро сироят намекунад, балки бемориҳои  сили ғайришушӣ низ мавҷуд ҳастанд.  Гуфта мешавад нишонаҳои шакли ғайришушии бемории сил  бевосита аз ҷойгиршавии раванди сироят вобастагӣ доранд.

Бемориҳои ғайришушии   сил;

Бемории сили мағзи сар ва пардаи мағзи сар.

Бемории сили сутунмӯҳра, устухон ва пайвандон.

Бемории сили узви ҳозима.

Бемории сили пӯст.

Бемории сили системаи узвҳои  таносул ва шоша (пешоббарор).

Чигунае дар боло зикр гардид, агарчӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати сиёҳи  давлатҳои ба бемории сил гирифторбуда шомил нест, аммо мавҷуд будани маризии сил миёни аҳолии ҷумҳурӣ барои ҳукумати кишвар нигаронкунанда боқи мемонад. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ин бемории сироятӣ ва ҷиҳати ҳифзи сокинон ва гирифторшавӣ ба ин намуди маризӣ як қатор тадбирҳои амалие рӯи даст гирифтааст. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»,  “Наќшаи миллии стратегї оид ба ҳимояи аҳолї аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2015-2020»  аз тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар  дар мубориза алайҳи ин беморӣ маҳсуб меёбад.  Мувофиқи дурнамо қабул намудани чунин санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои миллӣ дар доираи  мубориза бо шаклҳои устувори сил, ангезандаҳои муштараки сил/ВНМО, бемории сил дар маҳбасҳо ва чанд ҷанбаи дигарро дар бар гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бемории сил аз давраҳои дерина ва то ба имрӯз ҳамчун  проблемаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри ХХ  бемории сил воқеан табобатнопазир буд. Айни замон барномаи маҷмӯавӣ таҳия карда шудааст,  ки барои ошкор намудан ва табобат намудани  ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад. Дар идома месазад қайд намуд, ки  тибқи маълумоти  охирини Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ   шумораи гирифторони бемории сироятии сил дар ҷаҳон 10 миллион нафарро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки бемории сил табобатшаванда аст, вале бадбахтона ҳамасола наздики ду миллион нафар аз ин беморӣ  ба доми марг меафтанд.

Хушбахтона таи солҳои охир гирифторшавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бемории сил то рафт коҳиш ёфта истода, инчунин бо рӯи даст гирифтани чораҳои амалӣ вобаста ба мубориза алайҳи ин намуди маризӣ пойгоҳи ташхис ва табобати он  мустаҳкам гардидааст. Аммо дар ин баробар   бо вуҷуди сол ба сол коҳиш ёфтани гирифторшавӣ ба бемории сил, айни замон ҷиҳати нигаронкунанда дар ин масъала гирифторшавӣ ба бемории шакли васеи мутобиқгаштаи сил мебошад. Чунин беморон ба қисми зиёди доруҳо мутобиқ буда, барои атрофиён хавфнок маҳсуб меёбанд. Бо назардошти табобати фарогири чунин беморон дар Маркази бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина шуъбаи махсус таъсис дода шуд. Он ҷо беморон якчанд муддат табобати дармонгоҳӣ мегиранд ва баъдан табобати онҳо дар муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ ва санитарӣ идома меёбад.

Бо иқдоми бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистн дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар моҳҳои аввали соли 2017  дар ҷумҳурї    маводи дорувории маҳвкунандаи навъи васеи мутобиқгаштаи сил, бо номи Бедаквилин (bedaquiline) ворид карда шуд. Бояд қайд намуд, ки таи  солҳои ‎2014-2015 зиёда аз 40 давлати ҷаҳон,, аз ҷумла; Гурҷистон, Арманистон, Узбекистон, Руссия, Африкаи Ҷанубӣ ва ғайра бо истифодаи дорувории Бедаквилин табобати беморони бо шакли васеи мутобиқгаштаи сил оғоз намуда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз соли 2015 то охири соли 2016 дар Ҷумҳури Тоҷикистон 17 нафар беморон бо табобат фаро гирифта шуданд, ки  натиҷаи дилхоҳ дод. Ба иттилои дастрас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар соли 2016  барои маводҳои доругии зиддисили қатори якум 1- миллион сомонӣ ҷудо карда бошад ин шумора дар соли 2017 ба 1,5 миллион сомонӣ расонида шудааст. Ғайр аз ин ҳукумати кишвар таъмини ғизонокии беморони силро ба уҳда гирифтааст.

Инҳам дар ҳолест, ки дорувории зиддисилии Бедаквилин (bedaquiline) аввалин доруи нав мебошад, ки аз соли 1960 боз барои табобати бемории сил тасдиқ шуд.  Ширкати дорусозии “Janssen Pharmaceuticals”, ки ширкати фаръии  «Johnson & Johnson» аст, бедаквилинро барои табобати шакли мутобиқгаштаи бемории сил ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ихтироъ кардааст.  Ширкати “Janssen” ин доруи муҳим барои 30 ҳазор даври муолиҷаи силро ба кишварҳои мувофиқ тақдим намуд.     Бедаквилин доруи нав мебошад, чунки аз охирҳои солҳои 1960 барои табобати бемории сил ягон доруи нав ихтироъ карда нашуда буд. Аммо хурсандиовар он аст, ки бо пеш рафтани сатҳи техналогияи тиббӣ имруз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар мамолики сайёра ҳассосияти    доруҳои зиддисилиро дар  ду соат муайян менамоянд, ки қаблан дар ду моҳ муяйн карда мешуд.

Бедаквилин аз ҷараёни тезонидашудаи тасдиқ барои истифода дар Иёлоти Муттаҳида моҳи декабри соли 2012 гузашт ва он барои табобати маризони  шакли мутобиқгаштаи сил  истифода мешавад.  Дар Тоҷикистон мувофиқи тавсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аввал панҷоҳ бемор барои давраи табобат бо истифода аз бедаквилин номнавис шуданд ва боз наздики 150 бемор дар соли 2017 табобат гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки бо кам шудани шумораи шарикони рушд вобаста ба дастрас намудани дорувории зиддисилӣ ба Тоҷикистон имрӯзҳо бо талошу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра малбағҳои ҷудошаванда аз буҷҷети кишвар ҷиҳати харидории номгӯйи дорувории зиддисилӣ зиёд гарта, инчунин барои  ба табобат фаро гирифтани маризони шаклҳои гуногуни сил шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  Имрӯз дар ҳамаи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои бемории сил амал мекунанд, ки ташхис ва табобати ин намуди беморӣ комилан  ройгон бароҳ монда шудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки табобати беморони шакли мутобиқгаштаи сил ҳануз дар ибтидои соли 2009 дар Тоҷикистон дар сатҳи ноҳияҳои пилотӣ оғоз карда шуда буд ва дар охири соли 2014 табобати чунин шаклҳои беморӣ дар тамоми кишвар бо дастгирии шарикони байналмиллалӣ имконпазир гашт. Дар айни замон усулҳои табобати дарозмуддат ва кутоҳмуддати  беморони шакли мутобиқгаштаи сил мавриди амал қарор гирифтаанд.  Бояд қайд намуд, ки  пайдоиши маводи дорувории зиддисилии нав мисли Бедаквилин барои саривақт фарогирии беморони гирифтори ШВМС дар Тоҷикистон ба табобати зарурӣ имконият дода, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти табобат ва боздошти фавти беморони гирифтони ШВМС мусоидат хоҳад кард.

Мувофиқи омори расмии ҷаҳонӣ кишварҳое, ки шумораи бештари беморони сил дар онҳо маскунанд,  ин Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Тайланд, Индонезия, Филиппин, Хитой, Бразилия, Мексика, Эфиопия, Амрикои Шимолӣ ва Русия мебошанд.

Дар ин росто  месазад зикр намуд, ки ҳарчанд   кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба рӯйхати сиёҳи давлатҳои ба бемории сил гирифторбуда шомил нестанд, вале ҳаряк беморро мебояд дар решакан намудани ин беморӣ ва ҳифзи сатҳи сиҳатии худу атрофиёнаш талош намоянд. Новобаста аз он ки шароити иқтисодии бемор чӣ гуна аст, ӯ ҳуқуқ дорад бистарӣ шавад ва табобат гирад. Ҳатто аксарият, дар ҳоле ки нишонаҳои ин бемориро эҳсос мекунанд, кӯшиш менамоянд онро ба зукоми оддӣ рабт дода, ба беморхона нараванд.  Ба иқрори табибон  ҳатто «зукоми оддӣ» касро аз силу фалаҷшавӣ то бемориҳои шадид оварда мерасонад.  Аз ин сабаб, бояд ҳар нафари ба бемории сил гирифтор  ҳатман ва ба зудӣ ба духтурону табибон муроҷиат намояд, то ки атрофиёнашро аз ин намуди беморӣ эмин дорад. Набояд фаромуш сохт, ки табобати бемории сил дар саросари кишвар ройгон бароҳ монда шудааст!!!

Дарёфту табобати саривақтӣ кафолати шифои комили бемор аст!

                                                                                       Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 132
  • 472
  • 18,309