Тавсияҳо оид ба ҳифзи солимӣ ҳангоми хуруҷи мавҷи гармо ва ҳарорати баланди ҳаво

Тавсияҳо оид ба ҳифзи солимӣ ҳангоми хуруҷи мавҷи гармо ва ҳарорати баланди ҳаво
Июл 26
08:00 2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо шоҳиди ҳарорати баланди ҳаво ва хуруҷи мавҷи гармо шуда истодааст ва мо бояд ба ин падида омодагии хуб ва чораҳои мутобиқгардониро пеш гирем.

Ҳамасола мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба сиҳатии қишрҳои осебпазири аҳолии ҷаҳон,  хусусан ба саломатии пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои хроникӣ мебошанд,  таҳдиди ҷиддӣ менамояд.

Гармои шадид метавонад сабаби хушкии бадан, офтобхӯрдагӣ (солнечный удар) шавад ва ҳолати беморони бемориҳои дилу рагҳои хунгард, гурда ва бемориҳои рӯҳиро амиқтар намояд.

Аммо чорабиниҳо ва иқдомҳои махсуси тандурустии ҷамъиятӣ метавонад ин хавфҳоро ба таврӣ назаррас коҳиш диҳад.

Аз ин лиҳоз, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баъзе аз ин иқдомҳоро барои ҳифзи солимии Шумо ва аҳли оилаатон  тавсия медиҳад:

 Ҳуҷраҳоятонро салқин нигоҳ доред:

Дар давоми рӯз пардаҳои хонаро махкам нигоҳ доред, хусусан ҳуҷраҳое, ки дар тарафи офтобрӯяанд.

Тирезаҳоро шабона кушода монед, агар ҳаво шабона салқин бошад.

Агар ҳуҷра кондитсионер дошта бошад, дару тирезаҳояшро доим пӯшида нигоҳ доред.

Шамолтиякҳои электрик метавонанд то андозае ҳарорати хонаро муътадил намоянд, лекин агар ҳарорати ҳаво зиёда аз 35°C бошад,  он наметавонад сабаби пешгирии бемориҳе, ки ба ҳарорати баланди ҳаво рабт доранд, гардад.

Нӯшидани мунтазами нӯшокиҳо, махсусан об бисёр муҳим аст. Лекин аз нӯшокиҳои ширин, қаҳва ва спиртӣ худдорӣ намоед.

 Аз зери таъсири бевоситаи гармо дур истед:

Агар дар хона ҳастед, ба ҳуҷраи аз ҳама салқинтар гузаред (хусусан шабона). Агар дар хона имконияти хонаро салқин кардан надошта бошед, ҳадди аққал 2-3 соатро рӯзона дар биноҳои кондетсионердор гузаронед (масалан биноҳои ҷамъиятӣ).

Бе зарурат аз хона набароед, махсусан дар вақти қиёми рӯз.

Корҳои ҷисмонии вазнинро иҷро накунед. Дар зери соягиҳо истед.

Кӯдакон ва ҳайвонотро дар дохили мошин дар таваққуфгоҳҳо дуру дароз танҳо нагузоред.

Баданро доимо салқин ва организматонро сероб нигоҳ доред:

Дар ҳаммом бо оби хунук оббозӣ кунед ё ин, ки аз компресҳои хунук ҳамчун алтернатива истифода баред (халтаҷаҳои ях, саҷокчаҳо ва даструймолчаҳои тар, ваннаҳои хунук барои пойҳо).

Сару либоси сабукак аз матои табиӣ дӯхташударо  пӯшед.  Дар вақти берун рафтан,  кулоҳои паҳн, кепка ва айнаки офтобро истифода баред.

Хӯроки сабукро камтар ва тез-тез бихуред.

 Ба дигарон кӯмак расонед:

Агар Шумо ягон нафари осебпазирро донед, ба ӯ барои гирифтани тавсия ва дастгирӣ кӯмак расонед. Аз ҳоли шахсони пиронсол ё  бемороне, ки танҳо зиндагӣ мекунанд, ҳадди ақал як бор дар як рӯз бояд хабар гирифт.

Нафароне ки мунтазам доруворӣ истеъмол менамоянд, бояд бо табиби муолиҷавиашон оид ба таъсири дорувориҳои истеъмолнамудаашон ба терморегулятсия ва беобшавии бадан маслиҳат намоянд.

 Агар шумо мушкилии солимӣ доред:

Дорувориҳоро дар ҳарорати зери 25°C (ҳарорати ҳуҷра) ё ин, ки дар яхдон нигоҳ доред, аммо дар яхбандак не  (бо дастури дар қутти буда оид ба дуруст нигоҳ доштани доруҳоятон шинос шавед).

Агар шумо худро бад ҳис мекунед, аз бемории хроникӣ азият мекашед, ё ин, ки якчанд дорувориро ҳамарӯза истеъмол менамоед, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

 Вақте худро бад ҳис мекунед:

Агар шумо дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис мекунед, кӯшиш кунед, ки ҳарчи зудтар ба духтур муроҷиат намоед. Дар чунин ҳолат фавран ба ҷои салқин гузаред ва ҳарорати баданатонро санҷед. Об, ё ин, ки шарбати мевагиро барои рафъи беобии бадан нӯшед.

Агар шумо дарди спазматикии мушакҳоро ки умдатан дар дасту пойҳо ва шикам ҳангоми корҳои ҷисмонии интенсивӣ, дар вақти гармии шадид мушоҳида мешавад, эҳсос намоед, ҳарчи зудтар ба ҷои салқин гузашта истироҳат кунед ва аз маҳлулҳои регидронӣ истифода баред.

Агар ин аломатҳо дар шумо зиёда аз як соат мушоҳида шаванд, барои дарёфти кӯмаки тиббӣ муроҷиат намоед.

Агар шумо ягон симпотмҳои ғайриоддиро, ё ин, ки ягон симптоми боисрорро дар худ мушоҳида кардед, бо духтуратон машварат намоед.

 Агар дар ягон нафар аз аъзои оилаатон, ё ин, ки нафари зери нигоҳубини шумо қарордошта ҳолатии хушкшавии пӯст, гапҳои бемантиқ (бред), рагкашӣ ва ё беҳуширо мушоҳида намудед, фавран ба духтур муроҷиат кунед.

 Ҳангоми интизории духтур (ёрии таъҷилӣ) ӯро ба ҷои салқин гузаронида хобонедпойҳо ва ронашро  боло бардоред, либосҳояшро кашедва хунукии сунъӣ диҳед, масалан компресҳои яхӣ дар гардан, зери бағал, зери шикам, шамоли сунъӣ, пошидани қатраҳои об ба пӯсти бадан агар ҳарорат ҳуҷра 25-30°C бошад. Ҳарорати баданашро чен бикунед. Кислотаи асетилсалисилӣ (аспирин) ё парасетамолро надиҳед. Агар беҳуш бошад, руйяшро ба тарафи худ гардонед.

Лутфан ин маълумотро бо ҳама аъзоёни оила, дӯстон ва ҳамсоягонатон низ расонед!

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 331
  • 352
  • 188,481