Тадбиқи барномаҳои миллӣ ва ҳолату дурнамои вазъи соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Июл 04
11:16 2017

4 июли соли равон  дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои тандурустии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масоили вазъи амалишавии  “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2011-2020»,  ҳолати хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру навоҳии вилоят , вазъи хизматрасонӣ ба бемориҳои руҳӣ дар муассисаҳои тибби вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳои рузмарра  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори ҷаласа  Махфират Хидирзода  муовини раиси вилояти Хатлон, Матлуба Шоназарова муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Ҳ. Худойбердиев Директори Маркази ташаккули тарзи хаёти солими вилоят,  директорони Марказҳои тандурустӣ, намояндагони муасисаҳои тандурустии вилоят ва кормандону масъулони соҳа иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта, инчунин  ҳамкории байнибахшӣ бо дигар сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа  аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода  ва  раиси Шурои тандурустии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷроиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин  дастуру супориш мушахасс дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 250
  • 260
  • 85,292