Тадбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020” мавриди баррасӣ қарор гирифт

Тадбиқи    “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020”   мавриди баррасӣ қарор гирифт
Ноябр 23
12:36 2017

Бо мақсади баррасии дар амал тадбиқ гардидани “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020” ва ҷиҳати  беҳтар намудани  сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, ба эътидол нигоҳ доштани вазъи санитарию эпидемиологӣ оид ба ВМНО, инчунин бо мақсади  ба самти дурусту самарабахш равона сохтани фаъолияти сохторҳои марбута, дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон вохурии кории шабакаи хизматрасонии минтақавии вилояти Хатлон “Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат гирифт.

Чорабинии мазкур бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар кори он роҳбарият ва масъулони  Марказҳои ВНМО ва Марказҳои наркологии ш.Қурғонтеппа, Кӯлоб, Фархор, Бохтар, Вахш, Хуросон, Восеъ, Ҳамадонӣ, Қубодиён, Ёвон, Сарбанд, инчунин  намояндагони Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҳамзамон  кормандон ва масъулони дигар идораҳои марбута ба соҳа иштирок доштанд.

Дар  чорабинии мазкур аз рафти тадбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020” дар соли 107 натиҷагирӣ карда шуда, масоили беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, ба эътидол овардани  вазъи санитарию эпидемиологии вилоят оид ба ВМНО  (ВИЧ/СПИД) ва ба самти дурусту самарабахш равона сохтани фаъолияти сохторҳои дахлдор дар доираи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасои масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2017-2020″, “Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охири чорабинии мазкур пешниҳодҳо нисбат ба дастрасии табобати зидди ретровирусӣ, нисбати кор ва табобат, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ фарогирӣ ва осон намудани мушкилоти онҳо нисбати табобати зидди ретровирусӣ, ташкили ҳуҷраҳои қабул дар назди Марказҳои ВНМО-и ҷумҳурӣ ва инчунин тавсияҳо дар ҳамкорӣ бо Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамкории байнибахшӣ,  паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ   қарорҳо қабул гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 291
  • 314
  • 92,249