Таи як ҳафта кӯдакону наврасони синни то 18, ки гирифтори бемориҳои нуқсони дил ҳастанд ройгон чарроҳӣ мешаванд

Таи як ҳафта кӯдакону наврасони синни то 18, ки  гирифтори бемориҳои нуқсони дил ҳастанд ройгон чарроҳӣ мешаванд
Октябр 31
08:49 2017

Оғоз аз 25 октябр то 04 ноябри соли равон бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки Фонди хайриявии “Лона” дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” воқеъ дар шаҳри Душанбе, даври гузаронидани чароҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сола, ки гирифтори бемориҳои нуқсони дил ҳастанд, ройгон чараён дорад.
Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шудааст.
Баҳри гузаронидани чарориҳои дил ва солимгардонии кӯдакону наврасони синни то 18-и гирифтори бемориҳои нуқсони дил зиёда аз 23 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷароҳии дилу рагҳои 13 кишвари хориҷ аз қабили Арабистони Саудӣ, Канада, Судон, Австралия, Покистон, Ҳиндустон, Миср, ва ғ бо сарпарастии Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум” ҷамъ омадаанд.
Дар рафти гузаронидани ҷароҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсоли дилии то 18 сола мутахассисони варзидаи тоҷик низ ҷалб карда шудаанд. Дар даври аввал таи рӯзҳои 25 октябр то 04 ноябр соли равон дар назар аст, ки зиёда аз 105 нафар беморон ҷарроҳӣ гарданд.
Ҳамзамон дар назар аст, иқдоми хайрхоҳонаи мазкур таи моҳи феврали соли 2018 низ сурат бигирад.
Зимни суҳбат бо сокинон ва бемороне, ки бо мақсади ҷароҳии дил тариқи ин иқдоми хайрхоҳона дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” гирд омадаанд айён гардид, ки эшон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди хайриявии “Лона” ва Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум” дар самти рӯи даст гирифтани чунин иқдоми наҷибу хайрхоҳона сипосгузор ҳастанд.
Дар рафти гузаронидани чорабинии чароҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 инчунин як нафар ҷавонзан, Манижа Муродоваи 24 сола низ бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ аз гирифторӣ ба бемории нуқсоли дил ба тариқи ройгон ҷарроҳи гардид.
Зимни суҳбат бо Манижа Муродова муаяйн гардид, ки номбурда модарзод гирифтори бемории нуқсони дил буда санаи 29 октябр ҷароҳӣ гардид ва 30 октябр бо пойи равон ва саломат ба манзими зист гуселонида шуд.
Манижа Муродова зимни суҳбат бо мо гуфт; “агар чӣ, таи ин рӯзҳо дар рафти гузаронидани ҷароҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсоли дилии то 18 соли иҷозат буд, вале дар ҳар сурат бад будани вазъи саломатии маро табибон ба назар гирифта маро ҷарроҳи карданд, агар на оилаи мо барои ҷароҳии ман чунин маблағи зиёдеро надоштанд. Ман аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии нафарони камбизоат миннатдории самимии хешро байён менамоям”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 76
  • 294
  • 180,438