Такони тоза дар рушди гиёҳдармонӣ

Такони тоза дар рушди гиёҳдармонӣ
Сентябр 19
13:49 2018

Санаи 1 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт парда аз рӯйи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино бардошта, дар таҷлили “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштироку суханронӣ карданд. Нуктаҳои асосии суханронӣ ба рушди маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ бахшида шуда буданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар ба масъалаи гиёҳдармонӣ ва дорусозӣ аз гиёҳҳои шифоӣ рӯй оварда, аз ҷумла иброз доштанд: -“Ҳарчанд ки мо аз гиёҳҳои шифобахш баъзе намудҳои дорувориро омода карда истодаем, вале имконоту захираҳои Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифоӣ мавҷуданд, ҳоло ҳам самарабахш истифода нашуда истодаанд.”

Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи содироти гиёҳҳои шифобахши кишвар ба хориҷаро ба миён гузошта, аз вазорату идораҳои дахлдор тақозо намуданд, ки дар баробари истеҳсоли доруҳо аз гиёҳҳои шифобахш ҳамчунин содироти онҳо ба давлатҳои дигар ба роҳ монда шавад: -“Дар баъзе беморхонаҳо ва осоишгоҳҳо табобат бо усули гиёҳдармонӣ ба роҳ монда нашудааст, ҳол он ки ҳамаи навъҳои набототи мо ба табобат мусоидат карда, қисме аз онҳо аз ҷониби соҳибкорон ба хориҷа бароварда мешавад. Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо соҳибкорони ватанӣ ва бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши кишвар ва рушди саноати дорусозӣ чораҷӯӣ карда, барои зиёд намудани номгӯи доруворӣ ва маводи бастабандӣ тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намоянд.

Дар партави ин суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбате доштем бо гиёҳпизишк ва дорусоз, мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ Шарифҷон Саидшарифов, ки ҳоло ба хонандагони арҷманд пешниҳод менамоем.

Устоди азиз, сараввал мехостем дар бораи таъриху хусусиятҳои гиёҳдармонӣ ва пайванди он бо мардуми тоҷик як каме маълумот медодед.

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим бо гиёҳдармонӣ алоқамандии зич доштанд, зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ, Ҳаким Майсарӣ ва дигарон бо рӯзгору осори пурбаҳои худ пойдевори соҳаи тибро гузошта, асоси рушди гиёҳдармониро ба вуҷуд овардаанд. Шоҳасарҳои ин бузургон, аз ҷумла “Ал-Қонун фит-тиб”-и Ибни Сино, “Донишнома”-и Ҳаким Майсарӣ, “Гиёҳнома”-и Абумансури Муваффақ, “Тиб”-и Юсуф Ҳусайни Шерозӣ илми тибро ба пояи баланд расонида, то имрӯз китоби рӯйимизии донишмандони соҳа дар тамоми ҷаҳон аст. “Ал-Қонун фит-тиб”-и Абуалӣ Синоро, ки имрӯзҳо нусхаи асли он дар яке аз осорхонаҳои шаҳри Лондон нигаҳдорӣ мешавад, метавон яке аз китобҳои гаронарзиштарини соҳаи гиёҳдармонӣ донист. Дар қисми дуюми ин асар, Сино, дар бораи 810 маводи доруӣ маълумот додааст, ки аз 376-тои онҳо маводи доруии гиёҳӣ мебошанд ва ҳамзамон фармудааст, ин гиёҳҳоро метавон аз минтақаҳои кӯҳистон пайдо намуд. Шояд дақиқан на, аммо тахминан мешавад гуфт, ки манзури Абуалӣ ибни Сино аз кӯҳистон ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон буд, зеро дақиқан кишвари мо кӯҳистон асту ҳамаи он гиёҳҳои доруӣ дар ин ҷо мерӯянд. Воқеан, хоки ҳосилхез, обу ҳавои мусоид, шароити хуби ҷуғрофию антропогении Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки ҳама гуна гулу гиёҳҳои шифобахш дар ин сарзамин дар беҳтарин шакл нашъунамо ёбанд.

Тавре ҳамагон огоҳем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1 сентябри соли равон зимни суханронии худ дар таҷлили “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино масъалаи рушду такомули гиёҳдармониву дорусозиро ба миён гузошта, бори дигар таваҷҷуҳи хоссаи худро нисбати ин соҳаҳо изҳор доштанд. Назару таассуроти Шумо ҳамчун гиёҳпизишку дорусоз ба ин рухдод чӣ гуна аст?

Таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат ба соҳаи кору фаъолияти мо хеле хушҳолкунанда буд ва муддаои дили мо буд гӯем ҳам, хато намекунем, зеро имрӯз борҳо мушоҳида кардаам, ба ҳар коре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иродаву таваҷҷуҳ кардаанд, он дар як замони кӯтоҳ муваффақона рушд намудааст. Бовар дорам, ки соҳаи гиёҳдармониву дорусозӣ низ баъд аз дастуру раҳнамоиҳо ба як соҳаи пешрафтаву самарабахши кишвар табдил меёбад. Албатта, рушди гиёҳдармонӣ метавонад ба ҳама соҳаҳо таъсири мусбӣ гузорад. Бо роҳандозии истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва ё содироти гиёҳҳо нахуст соҳаи тиб дар кишвар боз чанд қадам пеш меравад, зеро гиёҳдоруҳо маводи асил буда, дар табобат нисбат ба доруҳои кимиёӣ таъсироти беҳтар доранд. Ҳамзамон, инкишофи бахши гиёҳдармонӣ ва дорусозӣ ба иқтисоди давлату миллат судманд аст, зеро дар сурати мавҷудияти гиёҳдоруҳои дастраси ватанӣ дигар мардуми кишвар маҷбур намешаванд, ки барои муолиҷа аз доруҳои гаронарзиши хориҷӣ харидорӣ намоянд.

Имрӯзҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар гӯшаҳои гиёҳдармонӣ ва утоқҳои гиёҳпизишкӣ ифтитоҳ намудааст, ки дар онҳо беморон бо гулу гиёҳҳои ватанӣ табобат карда мешаванд, яъне метавон гуфт, гиёҳдармонӣ дар раванди ташаккули тарзи ҳаёти солим хеле хуб мавриди истифода қарор гирифта истодааст.

Бо истифода аз фанновариҳои навин гиёҳдармониро метавон ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил дод. Бар ин назарам, ки агар гиёҳдоруҳои мо дар қолабҳои муосир бандубаст гарданд, шаклҳои мухталифи онҳо, монанди ғилофакҳо, кулчадоруҳо, малҳамҳо сохта шаванд, харидори худро пайдо мекунанд ва ман ҳамчун табиби гиёҳдармон бовар дорам, ки гиёҳи Тоҷикистон ба кулли сокинони сайёра шифо мебахшад.

Шумо ки мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ ҳастед, дар мавриди ҷиҳату ҷанбаҳои илмии гиёҳдармонӣ ва омӯзиши онҳо чӣ андеша доред?

Маркази мо танҳо машғули табобати шаҳрвандон бо усулҳои гиёҳдармонӣ набуда, балки фаъолиятҳои илмӣ низ дорад. Дар марказ курсҳои гиёҳдармонӣ ба роҳ монда шудааст, ки табибони халқӣ аз ҳар гӯшаи кишвар омада, дар ин ҷо дарс мехонанд. Дарсҳо аз рӯйи нақшаи таълимии таҳиякардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм гузаронида мешаванд. Мутахассисон омода шуда истодаанд.

Дар анҷоми суҳбат мехоҳем андешаҳоятонро дар мавриди мушкилоти бахши гиёҳдармонӣ ва ҳамзамон пешниҳодҳоятонро барои рушди соҳа иброз намоед.   

Албатта, ҳеч кор бидуни камбуду душворӣ намешавад ва соҳаи фаъолияти мо низ истисно нест. Мушкили аввали бахши гиёҳдармонӣ ин набудани мутахассисон аст, яъне мутахассисон хеле каманд. Бар ин андешаам, ки бо такя ба асарҳои илмии олимони бузург, мисли “Ал-Қонун фит-тиб”-и Абуалӣ Синову дигарон ё худ асарҳои пурғановати олимони муосири тоҷик, монанди академик Юсуф Нуралиевич, Ҷаҳони Азонзод ё устод Ҳоҷиматов, ки дар пешрафти гиёҳдармонӣ саҳми босазое гузоштаанд ва барои ин бахши тиб дастурҳои илмиву дастурамалҳои методии лозима таълиф намудаанд, метавон дарсҳои вижаи гиёҳдармониро дар тамоми муассисаҳои таълимии тиббии кишвар роҳандозӣ намуд. Масалан ин гуна дарсҳо дар маркази мо ба роҳ монда шудаанд, ки аллакай самараҳои хуб медиҳанд. Ҳамзамон метавон ба ин дарсҳо табибони халқии ҳозиқро, ки шуморашон хеле кам аст, ҷалб намуда, аз илму таҷрибаи бойи онҳо истифода кард ва бад-ин васила мутахассис омода намуда, бахши гиёҳдармониро дар кишвар рушд дод. Итминон дорам, ки бо роҳандозии дурусти таълими гиёҳдармонӣ на танҳо ин бахш, балки бахшҳои дорусозиву хизматрасонии тиббӣ низ беҳтар гардида, аз миллати фарзонаи тоҷик боз Синову Розиву Майсариҳои дигар сар боло мекунанд.

Инчунин зикр кардан бамаврид аст, ки тибби халқиву тибби касбӣ бояд дар алоқамандии зич қарор дошта бошанд, аз таҷрибаву усулҳои табобати якдигар васеъ истифода баранд, зеро мақсади асосии ҳар дуи инҳо як аст – хизмат расонидан ба мардум.

Барои як чунин суҳбати пурмуҳтаво сипосгузорем, устоди азиз!

Саломату сарбаланд бошед!

Эҳсон ТУРСУНОВ                     

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 237
  • 233
  • 109,373