«Тамоку-таҳдид ба рушди инсон»

Май 30
10:20 2017

Имрӯз 30 май дар пойтахти кишвар ш. Душанбе,  ҷиҳати таҷлил намудани  «Рӯзи байналмилалии мубориза бо тамокукашӣ» мизи мудаввар бо унвонии «Тамоку-таҳдид ба рушди инсон»   баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Саидҷон Давлатов роҳбари гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Игрор Поканевич директори ТУТ дар Тоҷикистон, Илҳом Ҳабибов иҷрокунандаи директории Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон, Алексей Шабашов намояндаи Вазорати тандурустии Федерасия Руссия, намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ  иштикор намуданд.

Гуфта мешавад ҳадафи чорабинӣ пешгирии беморшавии аҳолӣ, инъикос ва оммавӣ гардонидани  зарари маҳсулоти тамоку ба ҷисми инсон  ва тарғиби ҳаёти солим мебошад.

Бино ба гуфтаи сардори намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон Игор Поканевич, Конвенсияи амсилавии ТУТ оид ба муборизаи зидди тамоку  таи солҳои тулонист, ки фаъолият менамояд ва  дар 50 мамлакати аврупоӣ тасдиқи худро ёфтааст. Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавии ТУТ ҳамроҳ гардид.
Дар чорабини зикр гардид, ки шахси тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки наздиконаш низ таъсир хоҳад расонид. Таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.

Дар мизи муддавар мутахассисони соҳа аз зиёд шудани истеъмолкунандагони тамоку аз ҳисоби насли наврас ва ҷавонон изҳори нигаронӣ намуданд; “тамоку метавонад сабаби зиёдшавии дараҷаи бемориҳои дилу рагҳо, дар давраҳои нисбатан баъдтари ҳаёт — бемориҳои саратонӣ (махсусан саратони шуш), инчунин зиёдшавии дараҷаи фавт аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ гардад”- гуфта шуд дар чорабинии мазкур.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутахасисони соҳаи тиб аз истеъмоли тамоку миёни бонувон дар ташвиш афдодаанд. Гуфта мешавад наздики 90% заноне, ки ба истеъмоли тамоку сару кор доранд ҳатто дар овони ҳомиладорӣ аз ин амали номатлуб даст намекашанд.  Таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд. Он дар синни ширмакӣ метавонад сабаби синдроми марги ногаҳонии навзод гардад. Дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад сабаби халалдоршавии ҷиддии саломатӣ ва маъюбшавӣ дар натиҷаи бемориҳои респираторӣ гардад.

Хотиррасон менамоем, ки   ҳамасола дар ҷаҳон аз истеъмоли тамоку  қариб 6 млн нафар  ба ҳалокат мерасонад, ки ин дар маҷмӯъ назар ба фавт аз ВНМО, сил ва вараҷа зиёдтар аст. Аз рӯи таҳлилҳо  агар дар ин самт чораҳои фаврию якҷоя  андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 8 млн нафар зиёдтар гардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 168
  • 268
  • 338,963