Тарзи нави табобат бо мувафақият анҷом ёфт.

Март 03
09:07 2017

Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар соли 2017 амалиёти ҷарроҳии «Экстирпатсияи ваъсеи бачадон бо транспозитсияи  тухмдонҳо» ҷорӣ карда шуд.

Тавре ки аз маркази мазкур хабар доданд, ҷарроҳии зикр гардида  аллакай ба 2 бемор бо муваффақият гузаронида шудааст. Гуфта мешавад. ки ин намуди ҷарроҳӣ дар нақшаи муолиҷаи комбинатсионии беморон бо ташхиси саратони гарданаки бачадон роҳандозӣ шуда, дар дараҷаҳои 1А, 1В, IIА-В гузаронида мешавад.  Фоиданокии ин намуди ҷарроҳӣ дар он аст, ки дар ҳолати гузаронидани ҷарроҳии экстирпатсияи бачадон бо тухмдонҳо дар бемор аломатҳои норасогии фаъолияти тухмдонҳо (кастратсияи пас аз ҷарроҳӣ) ба вуҷуд меояд, ки ба вайроншавии гомеостазизанҳо ва сустгардии ҳолати функсионалии фаъолияти организми занон оварда мерасонад. Дар ҳолати траснпозитсияи тухмдонҳо фаъолияти тухмдонҳо нигоҳ дошта мешавад ва  ин ба ҳолати психоэмотсиалии мусбӣ меоварад.

Ҳамчунин дар соҳаи таҷҳизотонидани Марказ бо лавозимоти соҳавӣ дар соли ҷорӣ таҷҳизоти ташхисии замонавии «анализатори биокимиёвӣ StatFax1904″ дастрас карда шуд. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2017 бо таҷҳизоти мазкур ба 809 беморон муоинаи  биокимиёвӣ гузаронида шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 520
  • 392
  • 245,338