Тарзи ҳаёти солим – асоси тандурустии миллат

Тарзи ҳаёти солим – асоси тандурустии миллат
Январ 24
11:54 2020

Тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба дарозумриву ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад. Вобаста ба мавзӯи мазкур мусоҳиба доштем бо директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина Мухторова:

 – Мухтасар аз моҳияти тарзи ҳаёти солим бигӯед…

– Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, бузуругтарин донишмандони тиб ба такрору таъкид гуфтаанд, ки инсоният барои пойдории саломатӣ, тақвияти он ва умри дарози пурбаракат дидан беҳтар аз тарзи ҳаёти солим чизе кашф накардааст, тарзи ҳаёти солимро ҳеч дорую давое наметавонад иваз намояд. Фаҳмиш ва дарки пурраи мафҳуми тарзи ҳаёти солим, дар амал дуруст ҷорӣ намудани он – ин маънии солиму бардам будани миллат, хонаводаҳо, насли имрӯзу оянадаро дорад. Тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Солимии миллат бошад – ин аз рукнҳои бисёр пуриқтидори рушду тараққии давлат аст, давлат дар сояи миллати солим қомат меафрозад, пеш меравад. Аз ин рӯ тарзи ҳаёти солим аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ низ дорад.

Зарурат ва аҳамияти тарзи ҳаёти солимро барои солимиву тандурустии миллат ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи октябри соли 2010 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”-ро қабул намуд. Барномаи мазкур дар ҳукми амал аст, он заминаи боэътимод ва роҳнамои асосии кори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

– Натиҷаи ҳамкориҳои марказ бо дигар бахшҳои ҷомеа чи гуна аст?

– Марказ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон, табибону фаъолони маҳаллаҳо, дар байни омӯзгорони мактабҳои таҷрибавӣ доир ба «Тарзи ҳаёти солим» як силсила омӯзишҳо гузаронид, ки онҳо бевосита ба ҳаёти мактабу мактабиён марбут буданд, аз ҷумла: “Самтҳои асосии тарзи ҳаёти солим дар мактаб”, “Вазифаҳои асосии муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа оид ба тарзи ташкили ҳаёти солими хонандагон”, “Саҳми шуъбаҳои маориф, мақомоти маҳаллӣ, маъмурияти мактаб, омӯзгорон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар масъалаҳои беҳдошти саломатӣ”, “Нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва зарари онҳо ба ҳаёти инсон”, “Роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, ВНМО дар байни аҳолӣ”.

Ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пурсамар буд. Марказ бо мақсади пурзӯр намудани кор дар байни ҷавонон дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Ташаккули малакаҳо дар ҷавонон доир ба пешгирии ВНМО/БПНМ” дар мавзӯъҳои “Роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ”, “Солимии репродуктивй”, “Сабабҳои рафтори хавфноки наврасону ҷавонон ва омилҳои сироятёбии онҳо ба ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ”, “Нашъамандӣ ва зарари он”, “Намудҳои нашъа ва механизми вобастагӣ ва ҳамвобастагӣ аз моддаҳои нашъадор”, “Маводҳои контрасептивӣ” ,“Вазъи ВНМО/БПНМ дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” тренингҳои омузишӣ гузаронида шуд. Инчунин, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ ва нашъамандӣ семинар-машварат доир гардид. Дар байни наврасон бошад, озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи «Нашъамандон – душмани ҷони худанд», озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Ҷавонон зидди нашъа!» ва мусобиқаи футболи хурд зери шиори «Мо тарафдори тарзи ҳаёти солим» гузаронида шуд.

 Ҳамкориҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ чи гуна аст?

– Марказ мутобиқи созишномаҳо бо ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ дар байни аҳолӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Умумиҷаҳони Тандурустӣ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Хазинаи Кӯдакони СММ, филиали Ташкилоти байналмилалии ICAP дар Донишгоҳи Колумбия бисёр корҳоро ба мисли нашри дастурҳои методӣ ва таҳияи маводҳои иттилоотӣ, семинарҳо барои дастаҳои ҷомеавӣ, кор дар байни муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва ғайраро, ки ҳамаи онҳо барои баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нигаронида шуда буданд, анҷом дод. Аз ҷумла бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии ICAP дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе ва Хуҷанд се монитори калонҳаҷм насб гардид ва ҳамчунин дар дохили тайёраҳо таъмини варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ роҳандозӣ гардид.

 – Ташаккули тарзи ҳаёти солим тавассути ВАО чӣ гуна таблиғ мешавад?

– Яке аз роҳҳои бисёр пуртаъсири баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ин дуруст истифода бурдани васоити ахбори умум аст. Марказ дар ин бобат бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хубу самаранок дорад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ гоҳ дар телевизион ва радиои тоҷик ин миқдор барномаҳои тиббӣ набуданд. Ҳоло аз тариқи Телевизиони “Тоҷикистон” ҳар ҳафта барномаи “Мадади Сино” пахш мегардад, ҳамин гуна барномаҳои тиббӣ аз телевизионҳои “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе” ҳамчунин аз тариқи барномаҳои Радиоҳои “Тоҷикистон”, “Фарҳанг”, “Ватан”, “Ховар”, “Имрӯз” ва “Диёр” манзури аҳолӣ мегарданд. Мавзӯъ ва мазмуни барномаҳо гуногуну рангин буда, мавзӯъҳои доѓи рӯз, ки аҳолӣ ба онҳо ниёз доранд, мавриди гуфтугӯву сӯҳбатҳо қарор мегиранд. Ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки ҳамин гуна барномаҳои тиббӣ аз тариқи телевизион ва радиоҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо низ пахш мегарданд ва дар тарѓиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Таҷрибаҳо собит намуданд, пешрафти ҳаёт, асри технология, сатҳи воқеии зиндагии мардум тақозо мекунад, ки равиши кори тарғиби тарзи ҳаёти солим низ ба замона, ба шароити зиндагии аҳолӣ, ба сатҳи дарку фаҳмиши мардум мувофиқу мутобиқ бошад. Абӯалӣ ибни Сино – маъруфтарин табиби Машриқзаин ҳанӯз дар асри Х навишта буд, ки “бештари тадбири нигаҳдории тандурустӣ варзиш кардан, сипас тадбири ғизо ва аз паси он тадбири хоб аст”.

– Пас, тарзи ҳаёти солим асосан аз худи инсон вобаста аст?

– Бале, мувофиқи омӯзишу тадқиқоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ сиҳатии аҳолӣ танҳо 10 дар сад аз тиб вобаста мебошад, 20 дар сади он марбут ба муҳити зист, 20 дар сади дигар пайванд бо ирсият мегирад, 50 дар сади дигар ба азму талоши худи мардум вобаста аст. Ин рақамҳо гоҳо каму беш тағйир меёбанд, вале барои мо муҳим он аст, ки аҳолӣ то кадом андоза масъулияти хешро дар пойдориву устувории сиҳатии хеш дарк мекунад ва умуман худро масъули саломатии хеш медонад ё не? Дар воқеъ, чанд санҷише, ки Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо ҳамроҳии шарикон тайи солҳои гуногун дар баъзе минтақаҳои кишвар анҷом дод, собит намуданд, ки аҳолӣ бештар табибонро масъули саломатии хеш медонанд. Вақти он расидааст, ки мафкураҳо нисбати масъулият ба саломатӣ тағйир дода шаванд, роҳу воситаву василаҳоеро бояд ба кор бурд, ки шахс худаш масъули саломатии хеш буданашро дарк намояд.

Ҷалби ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим дар кадом асосҳо амалӣ карда мешавад?

– Моҳи марти соли 2017 бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” тасдиқ шуд. Ин дастур дар бобати баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ нисбати саломатии хеш иқдоми аввалин мебошад, он ҳамчун роҳнамои кори Марказ хизмат хоҳад кард. Дастури мазкур низом, муносибат ва усули ягонаи фаъолиятро дар сатҳи ҷомеа доир ба масълаҳои саломатӣ дар асоси принсипҳои шарикӣ ба танзим медарорад. Ҷалб ва иштироки фаъоли ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ ҳадафи асосии дастур мебошад ва ин мақсаду маром аз банду бастҳои “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз августи соли 2010 тасдиқ шудааст, сарчашма мегирад. Ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаҳо, иштироки фаъолонаи онҳо дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти саломатӣ дар Эъломияи Оттаваи Ташкилоти умимиҷаҳонии тандурустӣ низ пурра ифода ёфтааст.

Дар ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани “Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши калиди ва пешсафиро иҷро менамояд. Марказ дар ҳамкорӣ ва мутобиқат бо шарикони байналмилалӣ ва дохилӣ аз манбаъҳои мавҷуда истифода карда, дастури мазкурро давра ба давра дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад кард. Ин нуктаро ҳам зикр бояд кард, ки то кунун дар заминаи ин дастур барои хубтару беҳтар амалӣ намудани он чанд дастури дигар, аз ҷумла “Дастури таълимию методӣ оид ба татбиқи усули “Муҳокима ва амали якҷоя” дар масъалаҳои саломатӣ”, “Роҳнамои мухтасар барои дастаҳои ҷомеавии саломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дастурамал барои кормандони муассисаҳои КАТС, марказҳои ташаккулии тарзи ҳаёти солим ва гурӯҳҳои мониторингии доимоамалкунанда оид ба татбиқи дастури “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, “Дастурамал барои фасилататорҳои (кормандони) марказҳои саломатии деҳот оид ба амалисозии дастури шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” таҳия ва тадвин шудаанд. Ҳамаи ин аснод аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тасдиқ ва тасвиб ва дастраси марказҳои тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гардонида шудаанд.

 Ташаккур барои суҳбат!

Суҳбаторо  Ҳ. Афсаҳзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,175
  • 1,189
  • 280,175