Тасмими дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мондани ташхиси ройгони гирифторони ВНМО ва саратон барои занон

Тасмими дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мондани ташхиси ройгони  гирифторони ВНМО ва саратон барои занон
Феврал 12
10:47 2020

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки имсол дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти бемориҳои ВНМО ва  бемории саратон ташхиси ройгони занонро ба роҳ монад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод  ба хабарнигорон иброз дошт.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода роҳандозии ин иқдомро ба пешгирии бемориҳои ВНМО ва саратонӣ миёни занони тоҷик рабт медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 1320 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (1421 ҳодиса) 101 ҳодиса кам мебошад.

Давоми соли 2019 бо мақсади дастрас будани хизматрасониҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад дастгоҳ барои озмоиши иммуноферментӣ (ИФА) ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақсим карда шуд.

Бояд гуфт, ки қаблан дар ҷумҳурӣ 3 адад дармонгоҳҳои сайёр фаъолият мебурданд. Моҳи ноябри соли 2019 дармонгоҳи сайёри 4-ум ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон супорида шуд. Дар доираи фаъолияти худ дармонгоҳҳои сайёр ба шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳоти дурдаст ташриф оварда, ба аҳолӣ, хусусан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо хизматрасониҳои ройгони тиббӣ мерасонанд ва хоҳишмандонро аз ташхиси ВНМО, гепатитҳои вирусии В, С ва оташак мегузаронанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 107
  • 392
  • 244,925