Ташрифи намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Апрел 05
18:46 2018

Имруз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода  намояндагони Бонки Умумиҷаҳониро, ки  дар самти  танурустӣ фаъолият доранд, ба ҳузур пазируфт. Ҳайати намояндагонро намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркменистан, ҷаноби Ян-Петер Олтерс ба ӯҳда дошт. Вазир зимни суҳбати самимӣ бо  меҳмонон иброз дошт, ки аз рафти амалисозии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорат бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ амал карда истодааст,  қаноатманд аст ва ин  Лоиҳа тавонист дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғд ва Хатлон  барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, тариқи пешниҳоди  маблағҳои иловагӣ ва сохтмони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, саҳми сазовор гузорад. Ӯ ҳамзамон зикр намуд, ки аз ин дастгирии Бонки умумҷаҳонӣ на танҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, балки тамоми роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ, раисони ноҳияҳои пилотӣ изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Марказҳои саломатие, ки дар ин ноҳияҳо сохта, бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, донишу малакае, ки кормандони муассисаҳои тиббӣ дар даврҳои омӯзишӣ гирифтанд, таи солҳои зиёд барои боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” хонум Хуэйхуэй Вонг дар навбати худ аз дастгириҳои ҳамешагии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода изҳори қаноатмандӣ намуда, илова кард, ки аз боздиди соле қабл аз кишвари мо доштааш то ба имруз  пешравиҳои зиёдеро  дидан мумкин аст. Ба хусус рафти  амалишавии Лоиҳа, ба роҳ мондани  ҳамкориҳои судманди  сохторҳои марбутаи Вазорат боиси хушнудист.

Иштирокчиёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки айни ҳол амалишавии Лоиҳа рӯ ба марҳилаи анҷомёбӣ овардааст. Аз ин рӯ тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона сохтан лозим аст, ки  ҳамаи вазифаву мақсадҳои дарпешгузоштаи Лоиҳа сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шавад.

Вазир Насим Олимзода ҳамчунин иброз дошт, ки барои фаъолияти минбаъдаи Лоиҳа дар ноҳияҳои кишвар ва ба даст овардани натиҷаҳои самарабахш мусоидат хоҳад кард.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 133
  • 472
  • 18,310