Ташхису табобат дар сатҳи ҷаҳонӣ

Ташхису табобат дар сатҳи ҷаҳонӣ
Декабр 11
08:07 2019

 Фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, барои боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намуданд. Даврони истиқлолият дар пешрафти соҳаи тандурустӣ нақши калидӣ дорад. Зеро, маҳз дар ҳамин давраи таърихӣ соҳаи мазкур марҳила ба марҳила рӯ ба рушд ниҳодааст.

 Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ” соли 1990 ҳамчун “Маркази ҷумҳуриявии ташхис” таъсис дода шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 1996, таҳти №402 ба Маркази миллии ташхис ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соди 2015, таҳти №663 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ» табдил дода шудааст. Аз соли 1996 инҷониб фаъолияти марказ ба тариқи худмаблағгузорӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар назди маркази мазкур  фаъолияти шӯъбаҳои ташхиси нурӣ ва томографияи компютерӣ, ултрасадоӣ, даруннигарӣ, функсионалӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ-гематологӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, бактериологӣ, ташкили раванди ташхис, маслиҳатӣ-клиникии калонсолон, маслиҳатӣ-клиникии атфол, ташхису табобат ва барқарорнамоии бемориҳои чашм ба роҳ монда шудааст. Соли 2016 бо назардошти зарурияти ташхису табобати бемориҳои аллергикӣ дар назди марказ шӯъбаи аллергология дар доираи 30 кати табобатӣ ва соли 2019 шӯъбаи физиотерапия таъсис дода шуд.

Аз тарафи шӯъбаҳои марказ хизматрасониҳои ташхисию табобатии зерин амалӣ гардонида мешаванд: электроэнсефалография (сабти барқии фаъолияти майнаи сар), электрокардиография (сабти барқии кори дил), электронейромиография (сабти барқии мушакҳо ва рагҳои асаб), эхоэнсефалография (ташхиси ултрасадоии майнаи сар), реоэнсефалография (ташхиси рагҳои хунгарди майнаи сар), допплерографияи рагҳои хунгард, фаъолияти нафаси беруна, ташхисҳои сарбории фаъолияти дил (стрес-тест), ташхисҳои ултрасадоӣ ва допплерографияи  узвҳои бадан (гурда, ҷигар, ғадуди зери меъда, мағзи сар ва ғайраҳо), эходопплерокардиография, ташхиси фаросадоии банду буғуми косу рон ва дигар пайвандҳо, эластографияи ғадудҳои сипаршакл, ширӣ, ҷигар ва дигар узвҳо, томографияи компютерӣ ва магнитӣ-резонансӣ, рентгенографияи тамоми узвҳо, урографияи ихроҷӣ, систография, фистулография, метросалпингография, ташхисҳои видеоэндоскопии рӯдаи ғафс, гарданаки бачадон,  рострӯда, сурхной, меъда ва рӯдаи 12-ангушта,  пешобдон,  найчаҳои пешобрав, найчаҳои шуш, хромэндоскопияи сурхной ва ғайраҳо.

Дар шӯъбаҳои маслиҳатӣ-клиникӣ фаъолияти мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои бемориҳои кӯдакона, асабшиносӣ, раддодӣ ва осебшиносӣ, роҳҳои нафас, чашм, гӯшу гулӯю бинӣ, бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, узвҳои ҳозима, гурда ва роҳҳои пешоб, узвҳои занона, тарбод ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Дар шӯъбаи аллергология табобати дармонгоҳӣ ва беморхонавии бемориҳои аллергикӣ ва дар шӯъбаи физиотерапия табобати барқароркунии беморон амалӣ гардонида мешавад.

Дар давоми 5 соли охир ба 460688 нафар эҳтиёҷмандон хизматрасониҳои ташхисию табобатии дармонгоҳӣ расонида шудааст. 3938 нафар беморон дар шӯъбаи аллергология ба табобати беморхонагӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҷиҳати таъминоти марказ бо кадрҳо, аз такмили ихтисос ва атестатсия гузаронидани табибон ва кормандони миёнаи тиб чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Айни ҳол дар марказ 157 нафар кормандон фаъолият доранд, аз он ҷумла, табибон 64 нафар, кормандони миёнаи тиб 46 нафар ва дигар кормандон 47 нафар мебошанд. Нишондоди дараҷанокии тахассусии табибон (53 нафар) ба 93%  ва  кормандони миёнаи тиб (35 нафар) ба 85,4%   расонида  шудааст.  Дар марказ 1 нафар доктори илмҳои тиб, профессор ва 2 нафар номзадҳои илми тиб фаъолият доранд.

Роҳбарияти марказ бо мақсади ба роҳ мондани усулҳои муосири ташхисию табобатӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриҳои Россия, Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар самти тайёр намудани мутахассисон ба роҳ мондааст. Дар ин давра 8 нафар мутахассисон дар ҷумҳуриҳои номбурда аз такмили ихтисос оид ба соҳаҳои алоҳидаи ташхисию табобатӣ, аз он ҷумла дар соҳаҳои ташхиси ултрасадоӣ, функсионалӣ, даруннигарӣ, томографияи компютерӣ ва аллергология аз такмили ихтисос гузаронида шудаанд.

Иштироки табиби даруннигар дар симпозиуми умумироссиягии  соҳаи эндоскопӣ дар Федератсияи Россия мунтазам таъмин карда шудааст. Дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14-уми сентябри соли 2019 дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ташхисҳои ултрасадоӣ ва функсионалӣ” бо ҷалби модераторон аз Маркази таълимии “ЭКСПРОМЕД”-и шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия бо иштироки 150 нафар мутахассисони соҳаҳои мазкури муассисаҳои табобатӣ-профилактикии ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шудааст. Мудири шӯъбаи аллергологияи марказ дар Конфронси табибони аллергологи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошкент иштирок намудааст.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат имрӯз дар муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ усулҳои муосири ташхисии томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ, ангиографӣ, маммографӣ, рентгении рақамӣ, ташхисҳои озмоишӣ таввасути анализаторҳои автоматикӣ, инчунин як қатор амалиётҳои муосири ҷарроҳӣ, аз он ҷумла бартарафсозии нуқсонҳои вазнини модарзодии дил ва ҷарроҳиҳои мураккаби дилу рагҳо, иваз намудани буғуми косу рон ва зону бо буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷоғу рӯй, ҷарроҳиҳои батнӣ ва асаб тавассути дастгоҳҳои эндовидеоҷарроҳӣ ва ғайраҳо роҳандозӣ карда шудааст.

Бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи дуруст ва пурраи усулҳои ташхисӣ дар раванди дақиқ намудани ташхисҳо, аз он ҷумла дар самти беҳдошти истифодаи усулҳои муосири ташхиси функсионалӣ, ултрасадоӣ, допплерӣ, томографияи компютерӣ, видеоэндоскопӣ, рентгении рақамӣ ва таҳлилҳои клиникӣ, иммуноферментӣ, биохимиявӣ ва бактериологӣ аз тарафи маъмурияти марказ чораҳои зарурӣ амалӣ гардонида шудаанд, ки ба баланд гардидани сатҳи истифодаи усулҳои мураккаби ташхисӣ, аз он ҷумла, усулҳои ташхисии томографияи компютерӣ, фаросадоии допплерӣ, электронейромиография ва ғайраҳо мусоидат намудаанд.

Усулҳои ташхисӣ ва табобатии муосир, аз он ҷумла усулҳои ташхиси фаросадии буғуму мушакҳо, эластографияи узвҳо, ташхиси барқии мушакҳо ва торҳои асаб, хромэндоскопияи сурхной, ташхиси сарбории фаъолияти дил, табобати стимулятсионии бемориҳои чашм, усулҳои нави табобати бемории астмаи метаболитикӣ ва табобати бемории астмаи бронхиалӣ бо Небулайзер ва ғайраҳо ба роҳ монда шудаанд.

Бо мақсади таъмини дастрасии усулҳои муосири ташхисию табобатӣ ба аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, иштироки фаъолонаи мутахассисони марказ дар ҳайати корвонҳои саломатӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил карда шудаанд, таъмин карда шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ” дар баробари фаъолиятҳои ташхисию табобатӣ ба фаъолияти таълимӣ низ машғул аст. Дар ин давра 100-ҳо нафар кормандони тиббии муассисаҳои табобатӣ -профилактикии минтақаҳои алоҳидаи кишвар аз курсҳои ихтисосгирии аввалия ва такмили ихтисос аз рӯи ихтисосҳои ташхисӣ гузаронида шудаанд.

Аз тарафи маъмурияти марказ дастгирии ҳаматарафаи соҳибкороне, ки ба тариқи иҷора дар самтҳои гуногуни хизматрасонии тиббӣ, аз он ҷумла ташхису табобати бемориҳои урологӣ, табобати мануалӣ ва ғайраҳо фаъолият доранд, таъмин карда шудааст. Табиби табобати мануалӣ Шоҳев Бахтиёр рӯзҳои наздик бо Сипосномаи Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ мукофотонида шуд. Дар ҶДММ “Ворисони Сино” гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии муосири эндовидеои муосири бемориҳои гурда, узвҳои пешобрав ва таносул ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи директори КВД “Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ” Боронов Садриддин Наҷмиддинович, “Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодиву иҷтимоии худ соҳаи тандурустиро самти афзалиятнок эълон карда, баҳри пешрафти ин соҳаи басо муҳим давоми 28 соли охир хизматҳои арзанда ва ғамхории падарона намуда истодаанд. Метавон гуфт, маҳз дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат буд, ки дар муддати басо кӯтоҳ соҳа рушд ёфта, дар самти ташхису табобат ва пешгирии дилхоҳ беморӣ давлати мо дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳамасола дар кишвар зиёд муассисаҳои нави тандурустӣ арзи ҳастӣ мекунанд, ки ин аз хизмати арзандаи Пешвои муаззами миллат ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода гувоҳӣ медиҳад. Мо- табибон шукронаи Пешвои миллат, соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, тинҷиву амонӣ ва ваҳдати миллӣ намуда, то ҷон дар бадан дорем, омодаи хизмат ба миллату Ватан ҳастем”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 31
  • 535
  • 223,845