Таъиноти кадрӣ дар сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ

Таъиноти кадрӣ дар сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ
Январ 13
14:12 2020

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод гардида, Ализода Назирмад ба ин вазифа таъин гардид. Раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Қабодиёни вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва Мастчоҳи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо ҷавонони кордону мутахассисони варзида таъин гардиданд.

Мирзозода Низом бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини Раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Прокуратураи генералӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо мутахассисони соҳа Сарвари давлат фаъолияти масъулини ҳар як сохтору мақомоти давлатиро бо мисолҳои мушаххасу таҳлилҳои амиқ баҳогузорӣ намуда, дар назди кадрҳои таъиншуда ҷиҳати рафъи мушкилоту ҳалли масъалаҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

«Бо назардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки печидаву пешгӯинашаванда мемонад, мо бояд аз ҳарвақта дида, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ муносибат намоем ва дар пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми назаррас гузорем. Он нақшаҳое, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ӯҳда гирифтаем, сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоем,»- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Таваҷҷӯҳи хоса ба ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, таъмини волоияти қонун, ҳизмати поквиҷдононаю содиқона ба халқу кишвари худ аз нуқтаҳои асосии ҳидоятҳои Сарвари давлат буданд, ки зимни мулоқот иброз гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 115
  • 1,189
  • 279,115