Таҳкими низоми тайёрии касбӣ дар самти тавонбахшии маъюбон дар Тоҷикистон

Таҳкими низоми тайёрии касбӣ дар самти тавонбахшии маъюбон дар Тоҷикистон
Май 03
11:58 2018

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъбон” бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникиву молиявии Филиали ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва таҳкими иқтидори муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар самти тавонбахшии иҷтимоӣ” ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, аҳаммияти чорабинии мазкурро ҷиҳати татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои ‎2017-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти №455 тасдиқ шудааст, таъкид намуд. Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳамкорӣ ва дастгирии иҷрои лоиҳаву барномаҳое, ки барои беҳтар намудани некӯаҳволии маъюбон равона гардидаанд, омода аст.
Ҳамзамон сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов суханронӣ намуда, роҷеъ ба тайёрии касбии кормандони иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ дар доираи татбиқи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22 декабри соли 2017 иттилоъ дод.
Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор оид ба мавзӯъҳои марбут ба тайёрии касбии кормандони иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ дар Тоҷикистон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо, таҳлили вазъи кунунии рушди захираҳои инсонӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ маърӯзаю презентатсияҳо пешниҳод намуданд.
Қобили қайд аст, ки ин лоиҳаи нави Каритас Олмон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, аз сӯйи Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мегардад. Зимни суханронии худ намояндаи ташкилоти Каритас Олмон дар Тоҷикистон Умеда Мунавварова қайд намуд, ки мақсади асосии лоиҳа мусоидат намудан ба ҳамгироии иҷтимоии шахсони дорои маъюбият тавассути устувор намудани барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва беҳтар кардани сифати тайёрии касбии кормандони иҷтимоӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 28
  • 276
  • 92,872