Таҳлили сабабҳои беморшавӣ ва фавти кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ

Таҳлили сабабҳои беморшавӣ ва фавти кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ
Декабр 20
18:41 2018

Имрӯз бо иштироки Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ дар мавзӯи баррасии сабабҳои беморшавӣ ва фавти кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ дар соли 2017 ва нӯҳ моҳи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Саидмуродова Г. М., сармутахассиси соҳавӣ оид ба бемориҳои сироятии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар мавзӯи мазкур баромад намуда, қайд кард, ки таъмини сатҳ ва сифати солимии кӯдакон, аз ҷумла паст кардани нишондиҳандаҳои фавт ва мубталошавии онҳо ба бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад:

-Дар ин радиф қайд кардан зарур аст, ки мутобиқи ҳадафҳои сеюми глобалии рушди устувор фавти кӯдакони навзод ва кӯдакони синни то  панҷсола  бояд то соли 2030 пурра бартараф карда шуда,  эпидемиологияи бемориҳои сироятии ВНМО, бемории сил, вараҷа ва бемориҳои тропикӣ, инчунин таъмини мубориза бо гепатитҳо, бемориҳое, ки тавассути об мегузаранд, бо пуррагӣ  нест карда шаванд,-афзуд ӯ.

Дар ҷаласаи мазкур инчунин таъкид карда шуд, ки дар самти коҳиш додани  мубталошавии кӯдакон ба бемориҳои сироятӣ дар кишвар як қатор қонуну ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ қабул гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади паст кардани гирифторшавӣ бо бемориҳои сурхча ва гулафшон соли 2017 дар Тоҷикистон рӯзҳои миллии эмгузаронӣ баргузор гардид, ки 98,4%-и кӯдакони аз як то нӯҳсола ба он фаро гирифта шуданд. Таҳлили нишондоди беморшавӣ ба бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон дар соли 2017 ва нӯҳ моҳи соли 2018 нишон медиҳад, ки шумораи бемориҳои сироятӣ дар кишвар нисбатан рӯ ба пастшавӣ дорад, ки ин нишондиҳанда аз 3366 то 2743 ба сад ҳазор аҳолӣ мебошад. Нишондоди бемории шадиди роҳҳои нафас аз 1673 ба 1235, аз ин гурӯҳ бемории зуком аз 3,1 то 2, исҳоли хунин аз 2, 6  то 1,6, бемории шадиди меъдаю рӯда 416 то 350,  бемории сурхча, гулафшон аз 5, 2 то сифр, гепатитҳои шадиди вирусии А аз 48,5 то 31 ба 100 ҳазор аҳолӣ мерасад.

Зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи соли 2018  дар тамоми кишвар нисбатан коҳиш ёфтани беморшавӣ бо гепатити вирусии А ба назар мерасад. Дар зимн нишондиҳандаҳои баъзе бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон бетағйир монданд, аз ҷумла кирмҳои рӯда ва вируси ВНМО аз 1 то 0,8 ба сад ҳазор аҳолӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 112
  • 1,134
  • 328,999