Таҳти унвони “1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат” форум баргузор гардид

Таҳти унвони  “1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат” форум баргузор гардид
Сентябр 15
09:05 2017

Санаи 13 сентябри соли равон  дар шаҳри Қурғонтеппа бо мақсади беҳтар намудани вазъи ғизогирии модарону кӯдакон, баррасии дастовардҳо ва мушкилиҳо дар соҳаи ғизо дар байни кӯдакону модарон дар вилояти Хатлон таҳти унвони   “1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат” форум баргузор гардид.

Форуми мазкур  бо иштироки намояндагони  мақомоти маҳаллӣ,  масъулони  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон,  намояндагони Раёсати маориф, роҳбарияти  Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, менеҷерони КАТС-и шаҳру ноҳияҳо, намояндагони  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, масъулони  Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон ва намояндагони ташкилотҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон, ки дар вилояти Хатлон Лоиҳаҳои худро амалӣ мегардонанд, доир гардид.

Дар оғози кори форуми “1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат” Матлуба Шоназарова муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон   суханронӣ намуда, зарурати баргузории форуми мазкурро  расидан ба ҳадафҳои “Ғизои солим” унвон намуд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ намояндагони ташкилоти Байналмилалии USAID,  намояндагони лоиҳаи саломатӣ ва ғизои ин ниҳод,  намояндагони  хазинаи Олмонии Рушди иҷтимоии (GTZ)  вобаста ба  лоиҳаи “Беҳтар кардани ғизогирии модарон, навзодон ва кӯдакон дар навоҳии деҳоти Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ инчунин масоили  “1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат” дар доираи “Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон дар фарҷоми  форуми “1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат” миёни  иштирокчиён ва  намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба вазъ ва дурнамои ғизогирии модарон, навзодон ва кӯдакон дар   Тоҷикистон гуфтушунид сурат гирифт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 203
  • 219
  • 150,075