Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ дар вазорат (АКС)

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ дар вазорат  (АКС)
Ноябр 21
13:55 2019

Имрӯз, 21 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва дигар намояндагони вазорат иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва ба толор ворид намудани Парчами давлатӣ оғоз ёфт.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиши мазкурро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки боиси ифтихор ва таваҷҷӯҳи махсус аст, ки имсол ҷашни ин иди фархунда ба 10-солагии расман ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ворид намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.  Тавре медонед, 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бори нахӯст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.

-Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба “Китоби рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд,-афзуд ӯ.

Дар ҳамоиш қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо буда, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.

Зикр гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои шарафмандӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Дар ҳамоиш махсус таъкид гардид, ки имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни ҳамоиши идона ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дилором Содиқова оид ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Номбурда зимни баромади хеш иброз дошт, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.

Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.

Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кўҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.

Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.

Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиби эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад. Чунки дар радифи дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишон, матн ва оҳанги Суруди Миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ расман тасдиқ карда шудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осудаи кишвари азизамон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол иттилоъ медиҳад.

Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 288
  • 565
  • 207,211