Таҷлили «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ»

Июн 02
10:29 2017

Ҷиҳати иҷрои дастур ва супориши  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади дар сатҳи зарурӣ қайд намудани  – 1 июн   «Рӯзи байналмилалии муҳофизати  кӯдакон» дар қатори дигар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии кӯдакона  дар  Муассисаи  давлатии  Маркази  миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб  «Чорбоғ»  дар ноҳияи Варзоб  низ 31 майи соли равон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» чорабинии фарҳанги фароғатӣ  гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби гуруҳи ҳунарии муассиса барномаи рангин пешкаш гардида ҳамзамон дар байни кӯдакон  бозиҳои  шавқовари варзишӣ  баргузор карда шуд

Маҳмадулло Қосимов директори Муассисаи давлатии « Маркази миллии тавонбахшии  кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар чонабинии мазкур  зимни баромади хеш аз ҷумла қайд намуд, ки; «аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи 1 июн дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи  байналмилалии ҳифзи кӯдакон  таҷлил карда мешавад. Рӯзи  байналмилалии ҳифзи кӯдакон  ҳануз  67 сол муқаддам бо қарор Анҷумани Шӯрои Федерастияи байналмилааи демократии занон таъсис ёфта,  бори аввал  соли 1950 таҷлил карда шудааст. Бо назардошти аҳмияти бузурги ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  давраи Истиқлодлияти давлатӣ  Консепсия оиди ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳони меҳнат  оид ба барҳам додани  шаклҳои  вазнин меҳнати кӯдакон  ва дигар асонди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина  санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ бо муқарророти онҳо мутобиқ гардонида шуданд»

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади  ҳимояи ҳуқукӣ кӯдак  ва иҷрои уҳдадориҳои  байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушахас андешида  шуданд.    Дар  назди  Ҳукумат  комиссия  дар бораи   ҳуқуқи кӯдак таъсис  дода шудааст. Соли 2010 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии  ҳифзи  саломатии аҳолӣ  барои солҳои  2010- 2020 қабул карда шудааст, ки дар он масъалаи  беҳдошти саломатии модару кӯдак  мақоми асосӣ  дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар фаъолияти худ меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон марҳила ба марҳила амалӣ мегардонад. Дар ҷумҳурӣ ҳимояи ҳуқуқу ҳифзи саломатии кӯдак, ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсил, табобат ва фароғат  оварда шудааст. Аз ҷумла: нисбати ниёзмандон қишри осебпазири ҷомеа,  яъне кӯдакони  ятиму маъюбон  шароити арзанда муҳаё карда шудааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки  Муассисаи давлатии  Маркази миллии тавонбахши  кӯдакони маъюб «Чорбоғ»  дар ноҳияи Варзоб, ки  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, таҳти №148 ба номгуи муассисаҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст,  асосан фаъолияташ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ҳифзи иҷтимои маъюбон»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитстон,  «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ , ки ҳифзи кӯдакони маъюбро танзим менамояд махсус гардонида  шудааст.

Дар муассисаи давлатии  «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб  «Чорбоғ»,воқеъ  дар ноҳияи  Варзоб 196 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд  аз тамоми  қаламрави ҷумҳурӣ дар будубоши доимӣ қарор дошта, аз ин теъдод 139 нафар писарон ва  57 нафари дигарро духтарон ташкил медиҳанд.

Инчунин дар муассиса шуъбаи тавонбахшии доимамалкунанда  барои 30 нафар модар ва кӯдакони имконияташон маҳдуд  фаъолият менамояд. Миқдори рӯзҳои тавонбахшӣ дар шуъба тибқи роҳхатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад, ки аз 16 рӯз иборат мебошад ва тибқи нақа дар давоми сол дар 20 бахш 600 нафар кудакони маъюб бо модаронашон ҳамасола ба тавонбахшӣ аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ  фаро гирифта   мешаванд.

Дар ин муассиса аслан кӯдакони гирифтори бемориҳои  асаб, дилу шуш ва фалаҷи дасту пой бо табобат фаро  гирифта  мешаванд.

Мақсади асосии тавонбахшии кӯдакони маъюб дар шуъба пеш аз ҳама  аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба ба модарони кӯдакон омӯзонидани  усулҳои  маъмул ва ба шароити хона мувофиқ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 287
  • 616
  • 32,439