Таҷлили «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» зери шиори «Фарогирии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ»

Таҷлили «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» зери шиори  «Фарогирии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ»
Апрел 07
12:47 2018

Сар карда аз соли  1950 дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун  «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари комилҳуқуқ миёни башарият дар ҷашн гирифтани иду маросимҳои байналмиллалӣ нақши ҷиддиеро касб намуда, «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ»-ро ҳамасола дар саросари кишвар таҷлил менамояд.

«Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзӯъҳои гуногун бахшида мешавад, ки имсол ин сана таҳти унвонӣ «Фарогирии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ» бахшида шуд. 7 апрел дар саросари кишвар зери шиори «Фрогирии аҳоли ба хизматрасонии тиббӣ» «Рузи умумиҷаҳонии саломатӣ» таҷлил карда шуд.

«Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар доираи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023» сурат гирифта, санаи 7 апрел дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илми-тадқиқотии гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душане низ ин ҷашни байналмиллалӣ  таҷлил карда шуд.

Чорабинии мазкур бо иштироки Насим Олимзода, вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Паканевич, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, муовинон ва мушовири  вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар рафти кори он бо ҷалби  сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ва дигар мутахассисони ботаҷрибаи муассисаҳои ташхисиву табобатӣ  ба сокинони пойтахт     хизматрасонии ройгони тиббӣ ба роҳ монда шуд.

Зимни боздиди вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз чорабинии мазкур дар симои ҷамъомадагон кулли сокинони кишварро ба «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» табрик намуда, гуфт; «Дар чунин сатҳ таҷлил намудани «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар саросари кишвар бо дастур ва супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати   таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва пешгирии гирифторшавии аҳолӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф, инчунин баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа роҳандозӣ гардидааст»

Дар ҷамъомади мазкур,  инчунин     гушаҳои гиёҳдармонӣ ва иттилоотӣ (лавхаву овезаҳо варақаҳо) вобаста ба роҳу василаҳои пешгирӣ аз бемориҳои мухталиф ташкил гардид.

Дар рафти баргузории ҷамъомад сокинони зиёди пойтахти кишвар шаҳри Душанбе,   аз хизматрасонии ройгони тиббӣ тавассути роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ва дигар мутахассисони ботаҷрибаи муассисаҳои ташхисиву табобатӣ  баҳравард гардиданд.

Ҳамчунин дар доираи  ҳамоиши  Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон сурат гирифт.

Нишасти матбуотиро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода  ифтитоҳ намуда, дар нишаст дастовардҳои умумии соҳаи тандурустии кишвар мавриди таҷлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти кори нишасти матбуотӣ, инчунин   Игор Поканевич,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳо, ва дигар кормандони Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Аҳли нишастро бештар масъалаҳои сатҳу сифати хизматасории тиббӣ, дастовардҳои соҳаи тиб дар кишвар, нақшаҳои минбаъдаи роҳбарияти вазорат вобаста ба беҳбудии вазъи соҳа ба худ ҷалб намуд.

Дар поёни сӯҳбат муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода    аз ҳамаи рӯзноманигорон барои иштироки фаъолонаашон дар кори нишаст изҳори сипос намуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 273
  • 264
  • 85,866