Таҷҳизоти нави Маркази милли тиббӣ

Таҷҳизоти нави Маркази милли тиббӣ
Феврал 16
09:29 2014

Дар доираи ҳамкориҳои судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба Маркази миллии тиббӣ якчанд таҷҳизоти муосири тиббӣ тастрас карда шуд, ки маблағи умумии он 200 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар маросими супоридани ин таҷҳизот ба марказ кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон-гу зикр намуд, ки аз соли 1992 инҷониб ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Корея в Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, имрӯзҳо ба таври густурда идома дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо соли гузашта ба 9 нафар кӯдакони ноҳияи Ҳисор ҷарроҳии чашм бомуваффақият гузаронида шуд.

“Чун Маркази милли тиббӣ калонтарин марказ дар кишвар аст, мо қарор додем то таҷҳизотро ба ин марказ диҳем, зеро ба ин ҷо мардум бештар муроҷиат мекунанд ва таҷҳизот дар ин ҷо бамаротиб самаранок хоҳад буд. Бисёр мехостам ин таҷҳизот ба мардуми камбизоату ниёзманд хизмат кунад.”

Дар навбати худ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов арз дошт, ки таҷҳизоти бадастоомада босамар ва бо мақсад мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. “Таҷҳизоти мазкур барои ташхиси ниёзмандону табақаи камбизоати аҳолӣ ва расонидани кӯмаки таъҷилии тиббӣ истифода хоҳад шуд.”

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 271
  • 264
  • 85,864