Тибби халқиро бояд оқилона истифода бурд

Ноябр 07
15:41 2016

Дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин дастраси иаҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ  ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки тибби муосири ҷаҳонӣ ваватанӣ дар тӯли мавҷудияташ ба  дастовардҳои  беназир ноил гардидааст ва дастрасии аҳолӣ бо муқоиса ба солҳои гузашта ба таври мусбӣ тағйир ёфтааст. Бо назардошти пешрафти барқосои илму технологияи муосир эҳтимол аст, ки модар ояндаи  наздик шоҳиди кашфиёту дастовардҳои нодир дар соҳаи тиб мегардем, ки  ҳатто имрӯз тасаввур карданашон  номумкин аст.

Бояд қайд намуд, ки шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон дар баробари дастрасӣ доштан ба тибби муосир имконияти истифодабарии хизматрасониҳои тибби халқиро низ доранд. Тибби халқӣ-бахши соҳаи тандурустӣ мебошад, ки усулҳои солимгардонии аҳолӣ,  пешгирии бемориҳо,  ташхис ва табобати  аз дониш,  малака  ва таҷрибаи  давраҳои   қадим  ба  даст  омада ва бо  анъанаҳои  халқӣ муқаррар гардидаро истифода мебарад.

Қобили зикр аст, ки, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти кишвари азизамон  тибби халқӣ зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрўз дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тибби халқӣ” аз 12 майи соли 2007,№269, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ аз 16 июни соли 2007,№307, “Дар бораи ворид намудани стандарти муолиҷаи бемории фимоз, алоими пўсти дарози узви таносули кўдакони хурдсол (то 3 сола) ва гузаронидани хатна”,аз 23 январи соли 2012, №19, “Дар бораи ташкили ҳуҷраҳои гиёҳдармонӣ дар муассисаҳои табобатию  профилактикии  шаҳру ноҳияҳои кишвар” ба тасвиб расидаанд.  Ҳамзамон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 январи соли 2003,№23  Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ таъсис дода шуд.

Инчунин дар ин давра барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тибби халқӣ ва рушди соҳа академияи тибби анъанавӣ (дар доираи СҲШ (ШОС)), донишкадаи тиббии Авитсена ва фармакология, кафедраи Тибби Шарқ дар назди ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино, Коллеҷи тиббӣ, Ассотсиатсияи тибби халқӣ ва соли 2015 дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси соҳаи тандурустӣ кафедраи тибби халқӣ таъсис дода шуданд. Аз тарафи мутахассисони соҳа як қатор китобу дастурамал дар самти гиёҳдармонӣ ва мақолаҳои илмӣ ба нашр расонида шудааст.   Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ дар якҷоягӣ бо Донишкадаи илмҳои гуманитарии ба номи академик  Б.И. Искадарови  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рисолаи тиббӣ”-ро  бахшида ба дастовардҳои тибби суннатӣ омода намуда, ба чоп супоридааст.

Бо мақсади солимгардонии беморон  як чанд осоишгоҳҳо фаъолият мебаранд, ки маҳз солимгардонӣ бо усулҳои тибби халқӣ аз қабили гиёҳдармонӣ, маҳси табобатӣ, сӯзандармонӣ ва ғайра истифода карда мешавад.

Соҳаи гиёҳдармонӣ яке аз усулҳои асосии тибби халқӣ ба шумор рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4500 намуд гул ва гиёҳҳои шифоию ғизоӣ мавҷуд мебошад.  То ба имрўз  танҳо 46 номгўи маводҳои аз растаниҳои шифобахш тайёр шудаи ватанӣ(аз ҷониби ширкатҳои дорусозии ҶДММ “Тиб барои шумо”, “Фароз”, “Сарчашмаи ҷавонии Сайёр” “Аввалин”, “Банафша”, “Салом”, “Кӯҳҳои Тоҷикистон”, “Сино-2013”ва ғ.)ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ дар соли 2016 нисбати 36 намуди гиёҳҳои шифобахш, ки дар Марказ барои табобати беморон истифода бурда мешавад, шиносномаи таҳлилӣ гирифта шудааст. Инчунин дар давоми соли ҷорӣ 4 намуд омехтаи гиёҳҳо барои бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла барои харобшавӣ, тоза кардани санги гурда, ҳайзбинии дарозмуддат ва талхаронӣ корҳои санҷишӣ ба анҷом расонида шуда, дар марҳилаи бақайдгирӣ мебошанд.

Дар соли 2016 барои ҷамоварӣ нигоҳдошт ва тайёр намудани гиёҳҳои шифобахш ва нушобаҳо аз ин гиёҳҳо аз ҷониби ширкатҳои дорусозӣ 22 нафар мутахассисон барои бозомузӣ ба Маркази мазкур равон карда шуданд. Инчунин 7 нафар табибони халқӣ(гиёҳдармонӣ ва маҳсдармонӣ) ҳуҷҷатҳои худро барои бозомузӣ пешниҳод намудаанд.

Аз соли 2010 то ин ҷониб дар Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ 618 нафар давраҳои бозомӯзиро гузашта соҳиби сертификати мутахассис гардиданд.

То ин давра дар Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ 11 нафар шаҳрвандони бурунмарзӣ (Чин, Қирғизистон) омӯзонида шуда, соҳиби сертификати мутахассис гаштаанд.

Фаъолияти  Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, №484 “Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ” ва тағйиру иловаҳо, ки  29 декабри соли 2012,№772 ва 9 сентябри соли 2014,№600    ворид гардидааст,   ба роҳ монда шудааст.

Яке аз ваколатҳои  Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  гузаронидани санҷишҳои назоратии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ  ба шумор меравад.

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  се соли охир назоратро дар  самти фаъолияти тибби халқӣ пурзӯр намуда, то ин давра 1623 нафар шахсонеро, ки бо усулҳои тибби халқӣ, дуохонӣ ва амалҳои сеҳру ҷоду машғул буданд, ошкор намуд. Аз ин шумора 618 нафари онҳо дорои сертификати мутахассис буда, 1005 нафарашон сертификат надоранд.

Аз шумораи 618 нафар, ки дорои сертификат мебошанд айни замон 172 нафар дар муассисаҳои давлатӣ, 111 нафар дар муассисаҳои хусусӣ, 38 нафар дар асоси иҷозатнома ҳамчун шахсони воқеъӣ фаъолият менамоянд. Фаъолияти 297 нафари  боқимонда боздошт карда шудааст.

Аз шумораи 1005 нафар  381 нафарашон шахсоне мебошанд, ки ба табобати беморон бо усули тибби халқӣ бе мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (сертификат ва иҷозатнома) ва 624 (63%) нафар бо дуохонӣ ва амалҳои сеҳру ҷоду ба қайд гирифта шуда буданд. Айи замон шумораи нафарони дар боло дарҷ гардида зери назорати мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  қарор доранд.

Новобаста аз корҳои ба анҷом расонида фаъолият намудани баъзе ашхос аз эҳтимол дур нест. Аз ин лиҳоз, руйхати чунин шахсон дар алоҳидагӣ тартиб дода шудааст ва зери назорати доимӣ қарор доранд.

Тибқи моддаи 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки   қонуни мазкурро риоя кунанд,  саломатии худ,  саломатии аҳолӣ, оила ва одамони гирду атрофро эҳтиёт намоянд. Аз ин лиҳоз шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми зарурият танҳо ба мутахассисоне, ки ҳуқуқи қонунии машғул шудан ба тибби халқиро доранд, муроҷиат намоянд.

Телефони боварӣ

Дар ҳолатҳои норозӣ будан аз хизматрасониҳои тиббӣ, ва дигар масалаҳои алоқаманд ба фаъолоияти тиббӣ ба телефонҳои боварии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  муроҷиат намоед:               

44600-65-06; 44600-65-07; 44600-65-08; 44600-65-10; 44600-65-14; 903-20-00-47 (баъд аз  соати 17 00)(оид ба фаъолияти тиббӣ44600-65-09; 918-77-32-23 (баъд аз соати 17 00) (оид ба масалаҳои ҳифзи иҷтимоӣё ба почтаи электронӣ  hndft.cht@mail.ru

Қабули шаҳрвандон рўзҳои шанбе аз соати 8 то 12  дар бинои Хадамот,  шаҳри Душанбе ноияи Сино кўчаи А. Навоӣ5/5 (нишона) дар шафати бинои Вазорати меҳнат муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ПешниҳодАз ҷониби шуъбаи ҳуқуқ ва кадрҳобахши умумӣ  баррасӣ шавад.

 

Сардори ХНДФТ ва ҲИА                                                                            МуҳсинзодаҒ.М.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 287
  • 616
  • 32,439