Тоҷикистон ба тибби рақамӣ мегузарад (АКС)

Тоҷикистон ба тибби рақамӣ мегузарад  (АКС)
Май 15
10:29 2019

 14 майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии  татбиқи «Стратегияи  миллии  солимии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои  2010-2020» дар  мавзӯи «Шарҳи системаи иттилоотии  тандурустӣ:  гузашта, ҳозира ва оянда» доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода ва Мирҳамуддин Камолзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбари Намояндагии минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Марте Эверард, шарикони рушд, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, шарикони  тиҷоратӣ намояндагони бахши  шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма  иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро  ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҷамъомади имрӯза барои муайян намудани афзалиятҳо ва гирифтани назари ҳамаҷониба нисбат ба амалисозии якҷояи барномаи  ракамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад.

-Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар соҳаи навсозии технологияҳои муосир инкишоф меёбад. Бояд қайд кард, ки пешрафти кишвари мо аз сатҳи баланди рушди иқтисодӣ вобаста аст. Асри 21 на танҳо асри технологияҳои компютерӣ, балки инкишоф ва фаъолгардонии «шаҳрҳои доно», технологияи блоки блокчейн, чопи узвҳои инсонӣ дар 3D принтерҳо ва телетиб, инчунин марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани интеллекти сунъӣ дар тамоми соҳаҳои рушди кишварҳои ҷаҳон мебошад. Рушди технологияҳои муосир, таҷҳизоти муосири электронӣ ва мобилӣ, интиқоли таъмини барномавӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ ва ҷорӣ намудани саривақтии навовариҳои технологӣ яке аз афзалиятҳои ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, ин омил кафолати рушд ва пешрафти ҷомеа хоҳад буд,-афзуд ӯ.

Дар ҷаласаи мазкур  масъалаҳои бақайдгирии электронии тандурустӣ ва тавсияҳои ТУТ, пешравӣ ва мушкилот зимни ҷорӣ намудани системаи иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ҳамчун афзалияти  лоиҳаи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ ва некӯаҳволии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳадафҳо вобаста ба мустаҳкамкунии соҳаи тандурустӣ ва некӯаҳволӣ ва ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин дар ҷаласа оид ба “Пешниҳоди системаи иттилоотии тандурустии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва кортҳои электронии саломатӣ ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ” Марта Эверард, Намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба “Афзалиятҳо ва нақшаҳои оянда барои таҳкими системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ва сармоягузорӣ” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳамуддин Камолзода, оид ба “Пешравӣ ва мушкилоти системаи иттилоотии тандурустӣ дар Тоҷикистон: дарсҳои таҷрибавӣ аз даҳ сол. Роуминги тандурустӣ ба сифати афзалияти асосии НТКА-и минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Сафар Сайфиддинов, сармутахассиси соҳавии вазорат оид ба омори тиббӣ, оид ба “Таҷрибаи амалӣ намудани портали ягонаи электронӣ дар сатҳи хизматрасонии тиббии ибтидоӣ дар Маркази саломатии  №10-и шаҳри  Душанбе директори маркази мазур С. Муродзода ва оид ба “Шиносоӣ бо шарики хусусӣ “Sifat Innotech Invest” директори ширкати мазкур Манижа Муҳаммад баромад намуданд.

Лаҳзаи хотирмони ин чорабинӣ суханронии муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон О. А. Абишев мебошад, зеро таҷрибаи Қазоқистон оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки онҳо натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд ва бинобар ин боиси таваҷҷӯҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд. Таҷрибаи рақамикунонии соҳаи тиб дар кишвари Қазоқистон барои рушди минбаъдаи рақамикунонии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муфид буда, ҷаноби Олжас Абишев аз таҷрибаи таҳия ва ҷорӣ намудани рақамикунонӣ дар ҳамаи марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, ки то ба имрӯз идома дорад, табодули назар намуд.

Ӯ ба таври  дақиқ  афзалиятҳоеро, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба формати рақамӣ гузаштан ба инобат бояд бигирад, номбар намуд.  Аз ҷумла, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд самти автоматизатсия ва  иттилоотии тиббиро интихоб намояд, яъне ҳамаи ҳуҷҷатнигориҳои коғазиро  ба шакли электронӣ интиқол додан зарур нест. Дар ин маврид вақт ва маблағ зоеъ сарф мешавад. Ҳатман рақамикунӣ бояд гузаронд, ки на танҳо гузариш ба формати электронӣ мебошад,  инчунин  ба таври  содда, кӯтоҳ ва ё осонгардонии амалиётҳои зиёди  коғазӣ ва пасон рақамикунии гузаронидан  лозим аст. Яъне ин фарқияти назаррас дар расмиёт ва усулҳои методологӣ дар табдили рақамии тиббӣ мебошад.

Номбурда доир ба афзалияти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ муфассал иттилоъ дода, қайд намуд, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт  бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони у ҳамеша омодааст.

Бо мақсади рушди соҳаи рақамикунонии тандурустӣ дар кишвар бо дастгриии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҳамкорон оид ба рушд Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сифат Иннотех Инвест” дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ” ва дигар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муфиди ҳамкориро марҳила ба марҳила амалӣ мегардонанд.

Лозим ба зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сифат Иннотех Инвест” соли 2018 таъсис дода шуда, таҳти шиори “Ҳамкорӣ ба хотири таъсис додани Тоҷикистони рақамӣ” фаъолияти хешро муваффақона пеш бурда истодааст.

Моҳи декабри соли 2018  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ва ҳамкориро бо ширкати ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест», ки ҳадаф ва вазифаҳояш ҷорӣ намудани навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути ҷорӣ намудани идораи тиббӣ рақами ва ҳуҷҷатгузории электронӣ мебошад, ба имзо расонид. ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» як узви гурӯҳи корӣ оид ба рушди Консепсияи иқтисодии рақамии Ҷумҳурии Точикистон мебошад, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар амал мекунад.

Давоми солҳои 2015-2017 Лоиҳаи  пилотии “Протелемед” бо муваффақият амалӣ гардида, аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои марказҳои саломатии шаҳри Душанбе тавсия шудааст. Дар барномаи мазкур коркарди электронии корти амбулаторӣ таҳия шуда, тренингҳои махсус барои ҳамаи кормандони 13 марказҳои саломатии шаҳрӣ дар самти кор бо ин барнома гузаронида шуданд, ки айни замон ин барнома хамчун барномаи «e-Health.tj» дар ҳама муассисаҳои тиббӣ аамали гардонида шуда истодааст.

Барномаи  e-Health.tj  системаи рақами тиббӣ, платформаи ягона ва зеҳнӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад. Портали мазкур шароит фароҳам меорад, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ иттилоотро бо истифода аз як манбаи иттилоотии электронӣ таъмин намуда, дар ҳолатҳои мураккаб беморонро тариқи машварат бо ҳамшарикон дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он ҳал намоянд.

-Новобаста аз он ки Лоиҳа ба ҳалли вазифаҳои муассисаҳои тиббӣ равона шудааст, инчунин метавонад рушди илмҳои тиббӣ, омор ва доираҳои академии тибби тоҷикро таъмин намояд. Тибқи Лоиҳа бо истифода аз  маълумоти мавҷуда оид ба солимии аҳолӣ, имкон дорад, ки буҷети давлатиро дуруст таҳлил ва тартиб дод, пешгӯӣ кард, маблағҳои давлатиро, ки ба саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, оқилона истифода намуд,- иброз намуд Манижа Муҳаммад, директори ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест».

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иқдом намудааст, ки тавассути таҳия ва татбиқи системаҳои ракамии тиббӣ, барномаҳои маҳсулотӣ, замимаҳои мобилӣ, автоматикунонии фаъолияти сохторҳои тобеӣ ва худи вазорат бо ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ, технологияи муосир ва ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ ба ҳадаф бирасад.

Ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкат имкон медиҳанд, ки Системаи ягонаи миллии тиббии электронӣ, рушди рақамикунонии тиббӣ  ва ба ин васила ба телетибби оянда дар чаҳорчӯбаи модули ҳамкории шарикии давлат ва бахши хусусӣ  замина гузошта шавад.

Бо даъвати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим бо намояндагӣ аз Ташкилоти байналхалқии Crown Agents Лариса Кокарева-роҳбари минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Бо дарназардошти натиҷаи мулоқотҳои бисёрҷонибаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо Сифат Иннотех Инвест, Ташкилоти байналхалқии Crown Agents ҷиҳати ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолона  дар доираи татбиқи лоиҳаи e-Health.tj ва Smart City, ки аз ҷониби Сифат Иннотех Инвест пешниҳод гардидааст, вохурӣ доир намуд.

Донорҳо ва мутахассисони байналмиллалӣ ба ин ташаббус посух доданд ва омодагии худро барои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Дар ҷаласаи мазкур махсус қайд гардид, ки барои самаранокии гузариши рақамӣ зарур аст, ки аз такрори фаъолиятҳо даст кашид, ба таври ҳамоҳанг дар як гурӯҳ фаъолият  намуд, дар маҳалҳо автоматизатсияи фарсудаву корношоямро набояд гузаронд ва платформаи ягонаи миллии рақамии тиббиро бояд бунёд намуд.

Рӯзҳои наздик Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили гурӯҳи корӣ оид ба рақамисозии тиббӣ ва татбиқи лоиҳаи e-Health.tj дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ташаббусро барои ҷалби шарикони рушд таҳким хоҳад бахшид.

Дар охири ҷаласа муҳокимаронии мавзӯъҳои баррасишуда аз ҷониби иштирокчиён сурат гирифт.

[ot-caption title=”” url=”http://moh.tj/wp-content/uploads/2019/05/DSC_1217.jpg”]

[ot-caption title=”” url=”http://moh.tj/wp-content/uploads/2019/05/DSC_1179.jpg”]

[ot-caption title=”” url=”http://moh.tj/wp-content/uploads/2019/05/DSC_1239.jpg”]

[ot-caption title=”” url=”http://moh.tj/wp-content/uploads/2019/05/DSC_1228.jpg”]

[ot-caption title=”” url=”http://moh.tj/wp-content/uploads/2019/05/11322.jpg”]

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 112
  • 501
  • 161,562