Тоҷикистон ва Қазоқистон: ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд

Тоҷикистон ва Қазоқистон: ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд
Октябр 02
14:03 2019

Имрӯз, 2 октябри соли равон вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Абишев  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода,  Сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии вазорат Раҳимова Раъно, Директори ширкати “Сифат Иннотех Инвест” Манижа Муҳаммад ва меҳмонон аз кишвари Қазоқистон иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, оид ба ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ибрози назар намуд.

Олжас Абишев, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон  ҳавасмандии хешро барои ҳамкорӣ дар рақамикунонии соҳаи  тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз  намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти рақамикунонии соҳаи мазкур, ки  айни замон дар тамоми ҷаҳон босуръат рушд намуда истодааст,  ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  пагоҳ, 3 октябр дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад.

Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода баргузор мешавад. Меҳмони расмӣ дар ин чорабинӣ  муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Олжас Абишев хоҳад буд.

Маврид ба ёдоварист, ки идораи рақамисозии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии ӯ соли 2018 ҳамчун беҳтарин идораи рақамӣ эътироф карда шуд. Солҳои охир таҳти роҳбарии  Олжас Абишев кишвари Қазоқистон 100% татбиқи системаҳои иттилоотии тиббиро таъмин намуд ва ҷараёни гузариш ба идоракунии боэътимоди маълумотҳои тиббӣ оғоз ёфт.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Харитаи роҳ” -ро барои татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил додани системаи иттилоотии идоракунии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва барои татбиқи аввали он, инчунин рушди трансформатсияи рақамии соҳаи тандурустӣ таҳия кардааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 бо ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» оид ба рушди ҳукумати электронӣ, табдилдиҳии рақамӣ ва телетиб созишнома ба имзо расонид ва ҳамкорӣ тибқи модели шарикии давлат ва бахши хусусӣ рушд меёбад. Моҳи августи соли 2019 ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» бо Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳумро ба имзо расонид ва дар якҷоягӣ бо вазорати ин кишвар ташкил ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравиро оғоз кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2020
ДСЧПҶШЯ
« பிப்  
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 317
  • 737
  • 276,856