Тоҷикистон дар ҷашни даҳумин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ширкат меварзад

Апрел 17
10:35 2015

Аз 20 то 25 апрели соли 2015, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни даҳумин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия,ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад, ширкат меварзад. Мақсади чорабинии имсола баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бартариятҳои иммунизатсия мебошад. Мавзӯи чорабинӣ«Маҳв намудани фосилаҳо дар иммунизатсия!» мебошад. Иммунизатсия ҳамчун яке аз чорабиниҳои бо муваффақият ва самараноки соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон қабул гардидааст. Иммунизатсия боиси пешгирии миллионҳо ҳодисаҳои фавт аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мегардад.

Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақаваии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истода аст.

Дар Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия – 2015, гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз шаклҳои иттилоотӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Инчунин, мизи мудавар бо иштироки намояндаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналхалқӣ ба мисоли Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид, Оҷонси ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA)ва воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофи-лактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон даъват менамояд.

Бо сари вақт гузаронидани иммунизатсия Шумо кӯдакатонро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоед. Бо дасткашӣ аз иммунизатсия Шумо саломатӣ ва ҳаёти кӯдакатонро зери хатар мегузоред!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 55
  • 314
  • 109,810