То баргузории форуми сатҳи баланд чанд рӯзи дигар боқӣ монд

То баргузории форуми сатҳи баланд чанд рӯзи дигар боқӣ монд
Октябр 12
12:46 2019

Имрӯз, 12 октябр муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед аз  рафти омодагиҳо ба Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, ки 18 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад,  дидан намуд.

Дар ҷараёни боздиди омодагиҳо ба форуми мазкур, инчунин ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова, Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат Қудратулло Қурбонов, Мудири  бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат Фахриддин Юсуфзода, роҳбарони гурӯҳҳои кории форум, намояндагони ташкилоту муассисаҳои маъюбон ва кормандони вазорат иштирок намуданд.

Дар ҷараёни боздид ҷиҳати иҷрои вазифаҳои бар дӯш дошта муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чунин як чорабинии сатҳи баланд дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд: “Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 21
  • 400
  • 190,065