ТО ДИЛ НАКУНАД ДАРД

Апрел 14
15:21 2012

Дил дар байни узвҳои дигари инсон ҷузъи асосӣ ва муҳимтарин маҳсуб мешавад. Инсон метавонад бе дасту пой, биноиву шунавоӣ, бо як шуш ё як гурда зиндагӣ кунад, аммо бе дил наметавон зист. Азин рӯ ба кори дил бетафовут будан нашояд. Ба ин хотир сӯҳбате дорем бо мудири шӯъбаи амрози дарунии беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматови шаҳри Хуҷанд, кардиолог, духтури дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии Тоҷикистон Ачилова Мунира Ҳамдамовна.

– Мо медонем, ки бемориҳои гуногуни дил мавҷуданд. Кадоме аз онҳо паҳншуда ва хавфноктаранд?

– Одатан диле, ки мӯътадил фаъолият мекунад, соҳибашро ба ташвиш намеорад, аммо гирифторшавӣ ба бемориҳои дил инсонро водор месозад то онро сари вақт табобат намояд. Паҳншудатарин ва хавфноктарини он бемории ишемиявӣ ё худ коронарии дил мебошад.

– Ин беморӣ чӣ тавр ба амал меояд ва сабаби гирифторӣ ба он дар чист?

– Тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар бар асари пайдоиши карахш (бляшки) вобаста мебошад. Одатан рагҳои хунгузар аз дохил сатҳи хеле ҳамвору суфта доранд ва хун дар онҳо бе мамоният ҳаракат мекунад. Вале пайдоиши карахш дар онҳо, ки ба занг задани қубури оҳанин шабоҳат дорад, боиси халалёбии гардиши озодонаи хун мегардад. Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдоршавии меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад. Норасоии кислород дар бофтаҳо гипоксия ном дорад. Дар илми тиб ин равандро ишемия меноманд. Ҳар қадар ҳаҷми карахш калон бошад, ҳамон андоза ҳаҷми рагҳои хунгузар хурдтар шуда, аз ин роҳ хун камтар мегузарад ва ин боиси пайдоиши бемории стенокардия мегардад. Инфаркт дар натиҷаи қатъ гардидан ё вайроншавии гардиши хун ба амал меояд.

– Инфаркт чанд намуд мешавад?

– Инфаркт ду навъ мешавад, сафед(ишемиявӣ) ва сурх. Ҳангоми инфаркти сафед қисми некрозшудаи бофта бе хун мемонад. Ҳангоми инфаркти сурх бошад, бофта хунро ҷаббида, рангаш сурх мешавад. Баъзан инфаркти сурху сафед якҷоя низ ба вуҷуд меоянд.

– Инфаркт дар дигар узвҳо низ шуда метавонад ё не?

– Намуди якуму сеюми инфаркт бештар дар дил, гурда ва испурч, намуди дуюми он бошад дар шушу рӯда мушоҳида мешавад.

– Инфаркт чӣ натиҷаҳои номатлуб дошта метавонад?

– Ҳангоми инфаркт бофтаи ба некроз дучоргардида нест гардида, ба ҷои он киста (бези обакӣ ё халтачаи пур аз зардоб, масалан дар мағзи сар) ё карахши захм (дар мушаки дил) пайдо мешавад. Минбаъд вай пӯсида фасод мекунад.

Инфаркти миокард яке аз намудҳои некрози мушакҳои дил буда, дар натиҷаи вайроншавии гардиши хун ба амал меояд. Ба он бештар одамони аз 45 сола боло гирифтор мешаванд.

– Инфаркти миокард аз чӣ сабаб ба вуҷуд меояд?

– Сабаби асосии инфаркти миокард тромбози артерияҳои конорарӣ мебошад. Аз ҳад зиёд мондашавӣ, меҳнати вазнини ҷисмонию фикрӣ, тамокукашӣ, гипертония, камҳаракатӣ омилҳои асосии инфаркт мебошанд.

– Нишонаҳои асосии ин беморӣ дар чӣ зоҳир мешавад?

– Беморӣ бештар бо хурӯҷи шадиди дард дар қафаси сина, паҳншавии он ба даст, тахтапушт ва шона, ки онро стенокардия меноманд, зоҳир мешавад. Баъзан инфаркти миокард бо нафастангӣ сар шуда, дард ҳис карда намешавад.

Инфаркти миокард бо ёрии электрокардиограмма аниқ карда мешавад.

– Ҳангоми пайдо шудани ин нишонаҳо чӣ бояд кард?

– Дар вақташ муроҷиат кардан ба мутахассисони дилшинос ва муолиҷаи саривақтӣ дар шароити беморхона хавфи инфаркти миокардро ба саломатӣ кам мекунад. Ҳамчунин бо мақсади таъмини солимии ҷисм, беморони инфаркти миокардро аз меҳнати вазнини ҷисмонӣ озод мекунанд. Ба онҳо сайругашт, меҳнати сабук, гимнастикаи муолиҷавӣ, 4 маҳал хӯроки сервитамин, вале камгӯшту камравған, чою қаҳваи камранг тавсия дода мешавад.

– Воқеан яке аз роҳҳои асосии солимии ҷисм парҳез аст. Барои гирифторони бемории дил то чӣ андоза парҳез зарур аст?

– Бале, гирифторони бемориҳои дилро низ зарур аст ба ғизои ҳаррӯзаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои истеъмол хӯрокҳоеро интихоб намоянд, ки дар таркибашон холестераин кам дошта бошанд. Ба онҳое, ки дар таркиби хунашон холестерин аз меъёр зиёд аст лозим нест, ки ба як бор аз баҳри ҳама хӯроки дӯстдоштаашон бароянд. Танҳо меъёрро бояд риоя кард. Шоире мефармояд:

Об арчи ҳама зулол хезад,
Аз хӯрдани пур малол хезад.

Яъне лазизтарину камзарартарин таом низ метавонад ҳангоми аз меъёр зиёд тановул кардан ба саломатӣ зарар расонад. Аз ин лиҳоз агар кас ягон намуди хӯроки ғизонокиаш баландро истеъмол карда бошад, бояд зиёни онро бо камтар тановул кардани хӯрдании дигар бартараф намояд. Касоне, ки дар таркиби хунашон фоизи халестерин зиёд аст, ҳангоми харидории махсулоти хӯрокворӣ низ бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд.

– Шумо дар ин масъала ба онҳо чӣ маслиҳат медодед?

– Дар ин самт ба онҳо чунин маслиҳат додан мумкин аст:

– харидорӣ намудани гӯшти беравған;

– истеъмоли ками (1- 2 маротиба дар як ҳафта) моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ;

– кам намудани истеъмоли ҷигар, гурда, мағзи сар ва дил, ки аз холестерин бой ҳастанд;

– то ҳадди имкон камтар истеъмол намудани маҳсулоти гӯштии серғизо аз қабили ҳасибҳо, гӯшти камнамаки ба таври махсус дуддодашудаи хук (бекон);

– маҳдуд намудани гӯшти мурғобию қоз, афзалият додан ба гӯшти сафеди мурғ ва қафаси синаи мурғи марҷон (индейка);

– на зиёдтар аз 170 грамм истеъмол намудани гӯшти парранда ё ҳайвон дар давоми як шабонарӯз;

– кам намудани истеъмоли тухм (3- 4 дона дар давоми ҳафта).

Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми тайёр кардани хӯрок низ қисми равғани гӯшт ва пӯсти паррандаро гирифтан лозим меояд. Вақти пухтани пиёба ё хомшӯрбо онро хунук карда равғани дар болои он шахшударо гирифта партофтан лозим аст. То метавонед аз таоми бирён худдорӣ намоед. Сафедии тухм дар таркибаш холестерин надорад. Бо назардошти он худи тухмро метавонед бо сафедии он иваз намуда, ду сафедиро ба ҷои як тухм истифода кунед. Ҳангоми харидории маҳсулоти ширӣ низ диққат диҳед, ки равғаннокиаш на бештар аз 0,5 ё 1% бошад.

– Меваю сабзавот беҳтарин ғизост. Барои ин гуна беморон истеъмоли он маҳдуд карда мешавад ё не?

– Онҳо метавонанд аз тамоми намуди меваву сабзавот ба таври васеъ, рӯзе камаш 4- 5 маротиба истеъмол кунанд.Инчунин истеъмоли нони сиёҳ, биринҷу макарони обҷӯш, маҳсулоти лӯбиёгӣ фоидаовар мебошад.

Набояд фаромӯш кард, ки бемориҳои дил бемориҳои гузаранда ва оддӣ нестанд ва бо онҳо муносибати сар- сарӣ нашояд. Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба онҳо риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибону аз рӯи он амал намудан аст.

– Барои сӯхбати пурмӯҳтаво ташаккур.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=