То умр боқист, мубориз бояд буд

То умр боқист, мубориз бояд буд
Ноябр 27
13:19 2018

Нигина, ки ҳамчун як духтари деҳотӣ ҳифзи ору номус, доштани домони пок ва идомаи таҳсил дар донишгоҳ меҳвари андешааш буд, орзу дошт, ки баъди хатми дабистон ба донишгоҳе дохил шаваду соҳибкасб гардад. Аммо  чун аксари духтарони деҳотӣ вобастаи иродаи волидон буду наметавонист хилофи хостаи эшон амал кунад. Бинобар ин баъди хатми дабистон падару модар Нигинаро ба Д. ном ҷавоне маҷбуран ба шавҳар доданд. Мутаассифона, зиндагии якҷояи ӯ бо шавҳар дер давом накард. Онҳо ҳамагӣ баъди шаш моҳи  издивоҷ  аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Баъди аз ҳам пошидани оилааш зиндагии ӯ зерурӯ шуд. Духтаре, ки бо вуҷуди қурбон кардани орзуҳояш тавфиқ дар оиладорӣ ёраш нагашт, ба чоҳи бетаги андеша фурӯ рафта буд, бо касе суҳбат кардан намехост, аз дӯстону наздикон дурӣ меҷӯст, зиндагӣ барои ӯ маънияшро гум карда буд. Гоҳо меандешид, ки чаро чунин тақдир ба ӯ насиб шудааст?

Солҳо мегузаштанд. Ғам ӯро аз чордевори хона берун кард, вале роҳеро барои идомаи зиндагӣ пайдо кард, роҳе  набуд, ки ӯро ба фатҳи қуллаи мақсуд барад. Бо мардони бегона ҳамнишин шуд, сигор кашиву майнӯширо оғоз кард…

Рӯзе дар истгоҳ мунтазири нақлиёт буд. Мошине омада назди ӯ истод ва ба нишастан дохили мошин даъваташ кард. Нигина ронандаи мошинро шинохт. Ӯ Акбар ном ҷавоне буд, ки онҳо дар як мактаб таҳсил мекарданд. Аз дидани рафиқи мактабиаш шод шуду ба мошин нишаст. Дар зимни суҳбат Акбар фаҳмид, ки Нигина ҳанӯз оила надорад, бинобар ин ӯро таклиф кард, то ҳамсараш шавад. Акбар, ки аз оилаи обрӯманд буд ва онҳо якдигарро хуб мешинохтанд, Нигина низ даъвати ӯро пазируфт. Нигина ва Акбар шаби аввали зиндагии муштаракашонро дар хонаи иҷорае рӯз карданд. Баъди он Акбар дигар ба Нигина занг назад ва ба зангҳои Нигина ҷавоб намедод. Нигина фаҳмид, ки ин навбат ҳам тақдир ба ӯ раҳм накардаст ва фиреб хӯрдааст.

Баъди ин Нигина аз зиндагӣ боз дилсард гашт ва тасмим гирифт, ки ба хориҷи кишвар муҳоҷират кунад. Қабл аз азми сафар ӯро маслиҳат доданд, то ҳатман аз ташхиси табибон гузарад. Нигина бо дугонааш Озода барои гузаштани ташхис ба беморхона омад. Баъд аз ташхис маълум шуд, ки ӯ гирифтори бемории ВНМО шудааст. Баробари ин хабарро шунидан дунё дар назараш торик гашт. Асабонӣ шуд, чӣ кор карданашро намедонист. Ҳар гуна фикрҳои номатлуб сарашро ба дард меоварданд, гоҳо қасди худкушӣ мекард, аммо боз қуввае ӯро боз медошт. Вақтҳои охир ҳодисаҳои худкуширо дар байни занону кӯдакон ва ҳатто мардон аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ  бисёр мутолиа менамуд, огаҳӣ аз тақдири касоне, ки иқдом ба худкушӣ кардаанд, ӯро андӯҳгин мекард. Ба ҳамин хотир, баъзан дар зери чунин навиштаҳо шарҳ менавишт ва иқдоми онҳоро маҳкум мекард. Дар ҳамин ҳол, ба худ суол дод, ки вақте нисбат ба тақдири онҳое, ки қасди худкушӣ доштанд, ба кадом рӯ худ фикри худкушӣ мекунад? Бинобар ин аз фикраш гашт. «Охир ин роҳи халосӣ нест. Пас аз худкушии ман аҳволи падару модарам чӣ мешавад?»- боз ҳам суол медод ба худ ӯ.

Озода бошад, ӯро дилбардорӣ мекард, суханҳои некаш мегуфт, то бӯҳрони равонии дугонаашро бартараф кунад. Дере нагузашта, ҳама дӯстону наздикон аз ин дарди Нигина огаҳӣ пайдо карданд ва зуд-зуд ба аёдати Нигина меомаданду дилбардорияш медоданд.

Табибон ӯро маслиҳат доданд, ки зуд ба Маркази ҷумҳуриявии мубориза алайҳи бемории ВНМО равад ва саривақт аз табобати табибон бархӯрдор шавад ва ҳамин тавр ҳам кард. Дар марказ чашми ў ба эълоне расид, ки танҳо аз ду ҳарф “Н” “Н” ва дар миёна аломати “ҷамъ” акс ёфта буд.

Нигина дар кунҷаке нишаста, ба садои зане, ки ба маризон мафҳуми ин нишондодҳоро мефаҳмонид, гӯш дод ва фаҳмид, ки “Н+Н” яъне Неопределяемый+непередаваемый (номуайян ва тасвирнашаванда) мебошад. “- Агар ҳар нафари гирифтори бемории ВНМО сари вақт ба маркази мо ояду доруҳое, ки ройгон ҳастанд, гирифта истеъмол кунад, сарбории вируси ин беморӣ паст шуда, он дигар хавфе бар ҷомеа надорад. Ва ин шахс метавонад ҳатто алоқаи ҷинсии беҳимоя кунад”, – мегуфт он зан.

Аз шунидани ин хабар дили Нигина каме таскин ёфт ва ӯ назди табиб Ораш Алоӣ, ки дар ин марказ кору фаъолият мекард, рафта ҳамсуҳбат шуд. Табиб Ораш Алоӣ, ки дар ин самт таҷрибаи зиёди корӣ дорад ва бо ҷомеа кор мебарад, ҳолати Нигинаро зуд пай бурда, ӯро тасаллӣ дод ва бепарвоёна гуфт: «Ин ҳам як маризӣ, мисли маризии фишорбаландӣ ё диабети қанд аст, ки пайваста дору бояд истеъмол намоӣ. Дар акси ҳол, системаи имуннии бадан паст шуда, ба бемории дувум, ба мисли саратон, шикамрав ва ё сил гирифтор мешавӣ. Бинобар ин ҳатман бояд аз доруҳо истифода бурд.»

Суханҳои табиб барои Нигина умедбахш буданд. Ӯ мутмаин шуд, ки ин беморӣ ба пуррагӣ шифо наёбад ҳам, аммо идорашаванда аст. Баъд аз ин Нигина тасмим гирифт, ки дар марказ истода, маълумоти бештаре оид ба бемории ВНМО пайдо намуда, ба мубталоёни ин маризӣ ёрӣ расонад. Ӯ хост, саҳми худро дар тарғиби ҳаёти солим ва аз байн бурдани беобрӯию таъбиз дар ҷомеа гузорад.

                                                                                                                                             Гулрухсори  Маҳмадалӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 228
  • 233
  • 109,364