Усулҳои нави табобат ва ҷарроҳӣ дар “Шифобахш”

Усулҳои нави табобат ва ҷарроҳӣ дар “Шифобахш”
Январ 23
11:18 2020

Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” муассисаи калонтарини табобатии махсусгардонидашудаи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолияти он ба ташхис, муолиҷа ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва нақшавию фосилавӣ ба беморони ҷумҳурӣ равона карда шудааст. Дар робита ба фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” дар соли 2019 бо директори муассисаи мазкур Шамсзода Хизматулло суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони хеш мегардонем:

Муҳтарам Шамсзода Хизматулло, сараввал оид ба дастовардҳои Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии ТоҷикистонШифобахш дар соли 2019 маълумот медодед!?

-Мавриди  зикри хос аст, ки соли 2019 барои мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳиму назаррас ноил гардид. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ Маркази миллии тиббӣ ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Аз ҷумла 15-уми июни соли 2019  бо иштироки бевоситаи ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Раҷаб Тайиб Эрдоган-хонум Эмине Эрдоган ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода “Маркази тавонбахшии маъюбон” дар сатҳи баланди расмӣ кушода шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии  Маркази миллии  тиббии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” пойгоҳи клиникии як қатор кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ буда, на танҳо дар бахши ташхису табобат ва пешгирии бемориҳо, балки дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳо дар самти таҳияи пешниҳоди ратсионализаторӣ, ихтирооти муфид низ корҳои муайяне ба анҷом расонидааст. Давоми 12 моҳи соли 2019 дар марказ бисёр дастовард ва корҳои ратсионилизаторӣ, ихтирооти муфид ба расмият дароварда шудаанд.

Аз ҷумла дар шӯъбаи бемориҳои чашм усули нави табобати ҷарроҳии (фотокоагулятсия) дар беморони мубталои глаукомаи ҳадди дарднок  барои нигоҳдории чашм ҳамчун протези зинда ба роҳ монда шуд. Дар шӯъбаи ҷоғу рӯи калонсолон амалиёти “артропластика- иваз намудани буғумҳои корношоями чаккаву ҷоғи поён бо эндопротезҳои никелид титанӣ”, бартараф намудани ковокии устухон бо усули сабзонидани бафтаҳо, аугментатсия дар ҳолати харобшавии шохаҳои алвеолаярии ҷоғҳо ва ғайра ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, дар самти ҷарроҳии асаб ду нафар табиб, Давлатов М. ва Раҳимов Н. дар шаҳри Москави Федератсияи Россия дар мавзӯи “ҷарроҳии системаи рагҳои майнаи сар”аз такмили ихтисос гузаштанд. Инчунин, дар ин давра аз тарафи давлати кишвари Швейтсария як микроскоп ва як адад С-дуга (ЭОП)  ба марказ дастрас гардонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ба таври эндоскопӣ ҷарроҳи намудани гематомаҳои музмини майнаи сар дар марказ амалӣ гардида, инчунин, якумин маротиба дар шароити шӯъбаи ҷарроҳии асаби №1 бемориҳои ҷарроҳии неврологияи асаби сегона ва конфликти нейроваскуляри асаби рӯй ба роҳ монда шуд, ки дар соли 2019 ба 7 бемор чунин ҷарроҳиҳо гузаронида шуданд. Дар қисми гардани сутунмуҳра, кеҷҳои байнимуҳрагӣ ба 2 нафар бемор ҷарроҳӣ ва иваз кардани танаи муҳраи қисми гардани сутунмуҳра бо кейҷ ба 1 нафар бемор ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, ки махзани илму маърифати соҳаи тибу табобат мебошад, барои пешгирӣ ва табобати дилхоҳ беморӣ тамоми шароити лозима муҳайёст, ки  ин ҳама аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳанд.

-Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамеша таҳти назорати роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мегуфтед, ки соли 2019 дар ин самт дар муассисаи Шумо чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

-Аз тарафи роҳбарияти марказ нисбат ба баланд бардоштани савияи дониш, гузаштани такмили ихтисос, хусусан дар хориҷи кишвар гирифтани дараҷанокӣ аз рӯи ихтисос диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони марказ дар хориҷи кишвар Шартномаи дутарафа бо Институти  илмӣ- тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи Н. В. Склифосовскийи Раёсати тандурустии шаҳри Москваи Федератсияи Россия баста шудааст, ки мутахассисони марказ марҳила ба марҳила барои такмил додани донишу малакаи худ ба институти мазкур сафарбар карда мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ 11 нафар мутахассисон баъди аз такмили ихтисос гузаштан  аз институти мазкур баргашта, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа донишу малакаи азхудкардаи худро дар амал татбиқ карда истодаанд. Аз ҷумла Наимов Р., мудири шӯъбаи рентгени муассиса дар мавзӯи “Ташхиси компютери томографӣ дар ҳолатҳои таъҷилӣ”, хусусан дар ҳолати садамаи сутунмуҳра ва системаи такягоҳу ҳаракат, садамаи косахонаи сар, узвҳои паренхиматозӣ, аорта ва рагҳои магистралӣ дар институти болозикр донишу малакаи худро такмил дод.

Ғайр аз ин, мутахассисони марказ дар алоҳидагӣ бо мақсади сайқал додани донишу малакаи худ дар якчанд конфронсу симпозиум ва семинарҳои дар хориҷи кишвар баргузоргардида иштирок намудаанд. Аз ҷумла мутахассисони ташхисгоҳи марказӣ Бобоёров Д. ва Пирназаров М. дар Институти гемофилияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо усулҳои нави муайян намудани гемофилия, яъне факторҳои VIII ва IX, фактори Вили -Бранта, гемофилияи А, В, МНО шинос шуданд. Дар ин самт мудири шӯъбаи чоруми соматикии кӯдакона Боймирзоев А. низ дар вохӯрии мутахассисони соҳаи саратон дар шаҳри Тошканд иштирок намуд. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани кансер-регистр, яъне ба қайд гирифтани бемориҳои онко-гематологӣ, таҳияи протоколҳои клиникӣ барои ташхису табобати кӯдакони гирифтори бемории саратон ва гемобластҳо ва дигар проблемаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар мавзӯъҳои актуалии соҳаи ҷарроҳии кӯдакона мудири шӯъбаи ҷарроҳии навзодон Раҳмонов Ш. Ҷ. дар якчанд семинар ва ҷамъомади олимон оид ба ҷарроҳиҳои минималӣ дар навзодон ва кӯдакони синну соли ширмак ва табобати атрезияи сурхрӯда иштирок намуд.

Оид ба риояи интизоми меҳнат дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии ТоҷикистонШифобахшкаме сухан мегуфтед!?    

Бо мақсади назорати иҷроиши уҳдадориҳои вазифавӣ, риояи интизоми меҳнат, иҷроиши фармоишҳои амалкунандаи мақомоти болоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифодабарии протоколҳои клиникии соҳавӣ дар ташхису табобати беморон, маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии полипрагмазия, дуруст пур намудани таърихи беморӣ дар марказ бо фармоиши директор комиссияҳои доимамалкунанда дар ҳайати муовинон, мутахассисони таҷрибанок ва олимон таъсис дода шудааст, ки мунтазам фаъолият доранд.

Натиҷаи санҷишҳо бо пешниҳоди маълумотнома дар ситоди таъсисёфтаи марказ ва маҷлисҳои назоратии назди директори марказ ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор дода шуда ва хатову норасоиҳо саривақт бартараф гардида, гунаҳгорон ба таври ҷиддӣ огоҳонида мешаванд.

Ташаккур барои суҳбат!

Суҳбаторо ХУСРАВ ШОҲСАИДОВ

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,244
  • 1,189
  • 280,244