ФАРБЕҲӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН

ФАРБЕҲӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН
Ноябр 13
06:39 2018

Тайи солҳои охир масъалаи афзудани фарбеҳӣ дар байни аҳолии кишвар мутахассисони соҳаи тибро ба ташвиш овардааст. Бар пояи ин нигаронӣ масъалаи омўзиш, пешгирӣ ва табобати бемории фарбеҳӣ дар доираи  ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ – “Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” ба тасвиб расид ва 31 декабри соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  онро тайид  кард.

Дар ин стратегия дар робита ба масъалаи омўзиш, пешгирӣ ва табобати бемории фарбеҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст. Бинобар ин дар ҷиҳати иҷрои дастуроти стратегия лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ “Омўзиши бемории фарбеҳӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди чорабиниҳои пешгирии он” таҳия ва тасдиқ ва амалӣ шуда истодааст. Маводҳои аввалияи тадқиқот нишон медиҳанд, ки 17% аҳолии ҷумҳурӣ вазни барзиёд дошта, 11,3% (занҳо 10,3%, мардҳо 12, 5%) – и он ба бемории фарбеҳӣ гирифтор аст.

Тайи солҳои охир афзудани фарбеҳӣ миёни кўдакон мутахассисони тибро нигарон кардааст. Натиҷаи тадқиқоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нишон медиҳад, ки фарбеҳӣ дар байни кўдакони синни мактабӣ (6-7 сола) 4,7%-ро ташкил медиҳад.

Маводи пешгирикунандаи бемориҳои ғайрисироятӣ (аз ҷумла, пешгирии бемории фарбеҳӣ) барои ворид намудан ба барномаҳои дарсии мактаббачагон ва барномаи компютерӣ барои арзёбии ғизои воқеӣ ва омўзиши омилҳои инкишофи бемории фарбеҳӣ дар байни аҳолӣ таҳия гардида, дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шуд; меъёри ғизоҳои табобатӣ, китобу дастурамалҳо барои пешгирӣ ва табобати бемории фарбеҳӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои соҳаи тандурустӣ таҳия шуда, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ тасдиқу интишор гардиданд.

Бар пояи таҳқиқоте, ки анҷом шуда, омилҳои фарбеҳӣ дар Тоҷикистон чунинанд:

  1. Пурхўрӣ. Мунтазам аз меъёр зиёд истеъмол намудани ғизо маҳсулоти дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гўшту маҳсулоти гўштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, конфет, торт, маҳсулотҳои қаннодӣ ва ғ. сабаби фарбеҳии инсон  мешавад. Масалан, истифодаи барзиёди 100 ккал неру дар як рўз ба ҷамъ шудани 10 г чарби бадан оварда мерасонад (дар як моҳ ба 300 г, дар як сол бошад ба 3 кг баробар мешавад). Инро бояд хуб  дарк намуд, ки ҷамъ кардани чарб дар бадан осон аст, аммо раҳоӣ аз он ба осонӣ  муяссар намешавад.
  2. Камҳаракатӣ дар ҳолати пурхўрӣ яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ мебошад. Ҳангоме ки миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо оксид мешаванд, агар фаъолияти мушакҳо заиф бошад, кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарби бадан мубаддал мегарданд.
  3. Тағйироти мубодилаи моддаҳо, ки аз раванди синну сол (ба балоғат расидани писарону духтарон, ҳайзи занон ва ғ.) вобаста аст, метавонанд сабаби инкишофи бемории фарбеҳӣ шаванд;
  4. Асабонӣ шудани инсон низ яке аз омилҳои фарбеҳӣ аст;
  5. Одатҳои номатлуб (истеъмоли машрубот, тамокукашӣ ва ғ.).

Гузашта аз ин бояд гуфт, ки агар волидайн вазни барзиёд дошта бошанд ва ё ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошанд, заминаи инкишофи фарбеҳӣ дар фарзандони онҳо  пайдо мешавад. Масалан, агар фарбеҳӣ ҳам дар падар ва ҳам дар модар мушоҳида шавад, он гоҳ 80%, вале агар яке аз онҳо фарбеҳ бошад, 40%-и кўдаконашон ба бемории фарбеҳӣ дучор мешаванд.

Ғизогирии сунъии кўдакони навзод ҳам дигаре аз сабабҳои фарбеҳ шудани инсон дар калонсолӣ аст.

Усули муайян намудани бемории фарбеҳӣ

Барои муайян намудани фарбеҳӣ индекси вазни бадан (ИВБ) ва қад(м)2 муайян карда мешавад – нишондоди вазни бадан (кг)/нишондоди қад (м)2.

Қабул шудааст, ки ИВБ:

<18,5 кг/м    – норасоии сафедаю неру;

18,5-24,9          – вазни бадани меъёрӣ;

25-29,9             – вазни барзиёд;

˃ 30-34,9          – бемории фарбеҳии дараҷаи 1;

35-39,9             – бемории фарбеҳии дараҷаи 2;

˃ 40         – бемории фарбеҳии дараҷаи 3 баҳо дода мешавад.

Шахсони дорои вазни барзиёд ва бемории фарбеҳӣ бештар ба дигар бемориҳо гирифтор мешаванд, ки дар натиҷа умри кўтоҳ хоҳанд дид.

Фарбеҳӣ заминаи гирифтории инсон ба бемориҳои назири фишорбаландӣ, диабети қанди намуди 2, намудҳои алоҳидаи саратон (саратони ғадуди сина, рўдаи ғафс ва ғ.)-ро фароҳам месозад.

Афзоиши  бемории фарбеҳӣ дар ҷомеа  сабаби харҷи зиёди иқтисодии соҳаи тандурустӣ шуда, дар маҷмўъ, ба иқтисодиёти давлат латма мезанад.

Барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ бояд меъёрҳои зеринро риоя намуд:

  1. Кам истеъмол намудани миқдори карбогидратҳои одӣ (шакар, конфет, торт, мураббо ва ғ.);
  2. Маҳдуд намудани истеъмоли чарбӣ (гўшту маҳсулоти гўштии пурчарб, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд) дар ғизо;
  3. Ба таври васеъ истеъмол намудани меваю сабзавоти тару тоза, кабудӣ ва омода намудани таомҳо аз ғалладонаю лўбиёгиҳо;
  4. Риояи реҷаи истеъмоли 5-6 маротибаи ғизо бо маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти ангезандаи иштиҳо (глутамат натрий, ки барои баланд бардоштани маззаи ғизо истифода мешавад, хўриш, таъмдиҳандаҳо, машрубот ва ғ.);
  5. Маҳдуд намудани истеъмоли намаки ошӣ то 5 г ва об аз 1 то 1,5 л.

Тадриҷан кам кардани неруи ғизо бояд ҳамзамон бо назорати ҳамешагии  вазни бадан бошад. Хуб мешуд, ки шахсони дорои вазни барзиёд ва гирифтори бемории фарбеҳӣ рўзномаи вояи ғизо тартиб диҳанд, ки дар он истеъмоли маҳсулоти хўрокворӣ ва таомҳо, ҳаҷму ҳисса ва сабаби истеъмоли онҳо (масалан, гуруснагиро эҳсос намудан ва ғ.) сабт гардад.

Мунтазам риоя намудани реҷаи вояи ғизо заминаи фарбеҳиро аз байн мебарад.

 

Хайров Ҳ.С., директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 6
  • 370
  • 1,000
  • 246,773