Фаъолияти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

Фаъолияти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
Январ 13
13:38 2018

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологӣтаҳти роҳбарии Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият ва кормандони Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии ин ниҳодҷамъомад баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ ҳисоботи Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии дар соли 2017 байён гардида, ҳамзамон вазифаҳои ин ниҳод дар соли 2018 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Дар оғози чорабинӣ Насим Олимзода, дар амал тадбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирокдорон ва дар симои онҳо ба кулли кормандони соҳаи тандурустӣ вазифаи аввалиндараҷа ҳисобид.

Чигунае Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд. «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад».
Дар доираи ин гуфтаҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, Насим Олимзода фаъолияти назарраси илмӣ ва дар асоси он ҷорӣ намудани раванди ихтироъкориву азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ аз ҷониби кормандони тибро вазифаи аслии намояндагони Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобид.
Дар рафти ҳисоботи Фаъолияти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии он дар соли 2017 дар доираи вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиён (20 март), дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин дар доираи таъмин намудани иҷроиши «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2011-2020», “Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2015-2020”, ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи тиб, тайёр намудани кадрҳо ва ғайра равона шуда буд.

Дар рафти чорабинии мазкур дар доираи тадбиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2011-2020» гуфта шуд, имрӯзҳо дар муассисаҳои илмии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 лоиҳаҳои инноватсионӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз он ҷумла 4-тои онҳо дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 1 лоиҳа дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 лоиҳа дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология, 1 лоиҳа дар Пажуҳишгоҳи тибби профилактики Тоҷикистон, 1 лоиҳа дар Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, 1 лоиҳа дар Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, 1 лоиҳа дар Маркази ҷумҳурияви илмии ҷарроҳии дилу рагҳо амалӣ гашта истодааст.
Зимни ҳисоботи Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии дар соли 2017 инчунин гуфта шуд, ки Раёсати Академияи илмҳои тиб соли 2017 34 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо бештар масоили «Саҳми табибони ҷавон дар татбиқи технологияи муосир», даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои ‎2018-2028», «Об ва саломатии инсон»-ро дар бар гирифтаанд.
Вобаста ба дастовардҳои Академияи илмҳои тиббӣ гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои тадқиқотҳои назарраси илмӣ доир ба ташхис ва табобати бемориҳои ғадудҳои болои гурда бо истифода аз технологияи муосир яке аз олимони мо бо “Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Е.Н. Павловский” қадрдонӣ гардид, мудири шуъбаи илмҳои назариявӣ Неъматзода О. бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2017 гардид, бахшида ба зодрӯзи шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати Академия дар якҷоягӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тиб озмуни «Олими ҷавони сол»-ро баргузор намуд ва се нафар довталаб бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардиданд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон, аз мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта гуфтушунид сурат гирифта, дар охири кори он вазифаҳои Академияи илмҳои тиббиВазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 170
  • 268
  • 338,965