Фаъолияти комиссияҳои тиббӣ барои наваскарон баррасӣ карда шуд

Фаъолияти комиссияҳои тиббӣ  барои  наваскарон баррасӣ карда шуд
Март 19
16:57 2019

18 марти соли равон дар толори Сарраёсати санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз  Абдусаттор ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид.

Дар ҷаласаи  мазкур  сардорони  Раёсатҳои  тандурустии  вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъулин  иштирок  намуданд.

Ҷаласаи мазкур аз рӯи масъалаҳои фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва сатҳ ва сифати пешниҳод намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ (заминаи моддию техникӣ, таъминот бо маводи доруворӣ, истифодаи протоколҳои клиникӣ ва ғ) ва вазъи таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ, хизматрасонии техникии онҳо доир гардид.

Одиназода Азиз  Абдусаттор  ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида,  сараввал ҳозиринро бо иди Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфт.

Ӯ дар бораи мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласа мухтасар сухан ронда, аз ҷумла иброз намуд, ки бояд масъалаи ташхиси ҷавонон  ҳангоми сафарбар гардидан ба Қувваҳои  мусаллаҳ бояд таҳти назорати ҷиддӣ  қарор дода шавад, зеро  барои хизмат ба Модар-Ватан  бояд танҳо ҷавонони солим ҷалб ва сафарбар карда шаванд.

Дар идома аз рӯйи масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа Аминов  Бахтиёр, сармутахассиси соҳавии вазорат оид ба даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баромад намуд. Номбурда зимни баромади хеш  аз ҷумла иброз намуд, ки мутаассифона, дар фаъолияти комиссияҳои тиббӣ ҳангоми ташхиси наваскарон камбудиҳо ба назар мерасанд.

Аз рӯи масъалаи дуюм Давлатмурод Олимов, сардори шӯъбаи Хадамоти назорати давлатии  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад намуда, дар бораи санадҳои ҳуқуқӣ, ҳолат ва истифодаи таҷҳизоти муосири тиббӣ, сертификаткунонии мутахассисони соҳаи тиб, вазъи инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин оид ба масъалаи хатнаи кӯдакон Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила  баромад намуд.

Ӯ зимни  суханронии худ иброз намуд, ки давоми ду моҳи соли 2019 дар ҷумҳурӣ  11 ҳазор амалиёти хатнаи кӯдакон гузаронида шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Одиназода супориш дода шуд, ки бояд амалиёти хатнаи ройгони кӯдакон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Дар охир муовини вазир А. Одиназода  вобаста ба масъалаву мушкилоти ҷойдошта  ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин ӯ иброз намуд, ки  ҳоло  дар донишгоҳҳо  мутахассисон бо ихтисоси муҳандис-табиб омода  шуда  истодаанд, аз ин хотир бояд барои онҳо дар муассисаҳои тандурустӣ  як воҳиди корӣ ҷудо карда шавад. Ба андешаи ӯ таҷҳизоти гуногуни тиббие, ки имрӯз ба кишвар ворид мегарданд, чунин мутахассисонро талаб менамоянд.  Ба роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ инчунин супориш дода шуд, ки рӯйхати мутахассисонро барои ба комиссияҳои тиббии даъвати наваскарон шомил шудан ба вазорат пешниҳод намоянд. Роҳбарони тандурустии  вилоятҳо ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки дар марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти ҳуҷраҳои наврасонро ба дараҷаи лозима ба роҳ монанд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 323
  • 352
  • 188,473