Фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар соли 2017 ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои соли 2018 муайян карда шуданд

Фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар соли 2017 ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои соли 2018 муайян карда шуданд
Январ 10
08:05 2018

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 мавриди муҳокима қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2018 муайян карда шуданд. Дар кори ҷаласа сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру нохияҳо ва хадамотҳои назоратӣ иштирок доштанд. Дар бораи фаъолияти сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазир Умарзода Саида Ғайрат маьлумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон ва шаҳри Душанбе аз фаъолияти хеш дар соли 2017 маълумот доданд.

Дар оғози  ҷаласа Насим Олимзода Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳуҷҷати калидии  фарогири  масъалаҳои стратегии сиёсиву иқтисодии дохил ва хориҷи кишвар номида, ҳамзамон иброз дошт, ки “Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Паём тамоми  ҷабҳаҳои асосии ҷомеаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дарпешистодаро  матраҳ месозад Аз ин хотир таъмини нуктаҳои дар Паём овардашуда вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳа мебошад” .

Инчунин,   дар ҷаласаи  мазкур аз  камбудиҳои ҷиддиву эродҳои баённамудаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём  дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор  дода шуд.Зимни  суханронӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода зикр намуд, ки дар баробари дастовардҳо дар соҳа камбудиҳо низ ҷой доранд ва мо дар якҷоягӣ бояд барои бартараф кардани онҳо кору фаъолият намоем.

Ба хусус вазъи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳо дар вилояти Хатлон, ки баъзеи онхо ҳануз ҳам дар ҷойҳои номувофиқ фаъолият доранд,  истифодаи протоколҳои клиникӣ,  роҳандозии тибби оилавӣ, ба талабот ҷавобгӯй набудани баъзе бахшҳои наҷот дар беморхонаҳои ноҳиявӣ, нокифоягии солимгардонии маъюбон боиси нигаронист.

Фаъолияти хуби Хадамоти назорати давлатии  фаъолияти фармасевтӣ, ба хусус дар вилояти Суғд, боиси дастгирӣ ҳисобида шуда, аз дигар муассисаҳо низ даъват ба амал оварда шуд, то кори худро беҳтар ба роҳ монанд.

“Назорати фаъолият дар муассисаҳои ташхисиву табобатӣ беҳбудиро тақозо мекунад”,- зикр намуд вазир, Насим Олимзода ва ба  масъулон дастурҳои мушаххас дод.

“Масъалаи солимгардонии маъюбон аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хуб ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар  масъалаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ интихоби ниёзмандон беҳтар карда шавад”.

Пайваст шудан ба системаи ягонаи иттилоотӣ, ҷорӣ кардани либоси ягонаи тиббӣ вобаста ба  ӯҳдадориҳои вазифавӣ, вусъат бахшидан ба кори МД “Озмоишгоҳи референсӣ”, истифодаи протоколҳои клиникӣ, фаъол гардонидани тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии гирифторшавии аҳолӣ ба бемории ВНМО, ба роҳ мондани усулҳои нави табобат ва ҷарроҳиҳои мураккаб аз ҷумлаи супоришҳое буданд, ки барои соли 2018 пешниҳод шуданд.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода зимни суханронӣ бори дигар таъкид дошт, ки иҷрои саривақтии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид,  бояд дар мадди аввал бошад ва сари вақт иҷро карда шавад. Ҳамзамон ташкили истироҳати тобистонаи кудакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои мавсимӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд. Таъмин бо мутахассисони  соҳибтаҷриба ва диетологҳо,таъмини амнияти санитарӣ дар истироҳатгоҳҳо аз масъалаҳои дигаре буданд, ки Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ба миён гузошт.

Дар интиҳо дар баробари дигар  дастуру супоришҳо вазир Насим Олимзода даъват ба амал овард, ки тамоми муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  дар масъалаи кабудизоркунӣ, шинонидани гулу гиеҳҳои мавсимӣ ва ниҳолу буттаҳои ороишӣ фаъол бошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 204
  • 382
  • 47,537