5

Муқаддима

      Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, ки 18 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дастовардҳо ва ҳуҷуҷҳои шахсони дорои маъюбиятро инъикос менамояд. Он ҳамчунин ба пешбурди фаъолият, шарикӣ, омори соҳа ҷиҳати таъмини тағйиротҳои дарозмуддат барои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон ва мусоидат ба татбиқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои шахсони дорои маъюбият дар мутобиқат бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои то 2030 равона гардидааст.

      Ҳамчунин, баргузории Форум имкон медиҳад, ки рушди фарогирии умумӣ ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардад.

      Дар соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 қабул гардид, аз бахшҳои гуногун иборат аст, шурӯъ намуд. Барномаи миллии мазкур дурнамо ва нақшаи амалро нисбати ҳуқуқҳои маъюбон, дастрасӣ ба хизматҳои сифатноки вобаста ба тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон таъмин намуда, фарогирии умумиро ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ то соли 2020 дастрас мегардонад. Ғайр аз ин, дар оғози соли 2018 Роҳбари давлати Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид ва ба татбиқи он шурӯъ намуд.

      Форуми байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ҷараёни татбиқи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва баҳодиҳии таъсири Барномаи миллӣ ба ҳаёти одамони дорои маъюбият, оилаҳои онҳо баррасӣ гардад. Форум чорабиние мешавад, ки ба пешбурди масъалаҳои маъюбӣ ва ташкили майдони муҳокима бо иштироки намояндагони сатҳи баланди Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, муассисаҳои махсуси Созмони Миллали Мутттаҳид. Ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, дигар шариколни рушд, ҳамчунин, васоити ахбори омма мусоидат хоҳад кард.

      Дар баробари ин, дар кори Форум роҳбарону кормандони масъули вазорату идораҳо ва кумитаҳои гуногун иштирок намуда, аз ҷониби худ ба таҳкими минбаъдаи муҳити сиёсии фарогир ва татбиқи ҳуқуқҳои маъюбон дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

      Дар Форум масъалаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, рушди имкониятҳои иқтисодӣ, тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ, муҳити дастрас, омори маъюбон ва маблағгузории бахши маъюбӣ дар давоми 10 соли охир баррасӣ мегарданд.

     Форум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ джар Тоҷикистон ва дар ҳамкории пайваста бо агентиҳои Созмони Миллали Муттаҳид, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд баргузор мегардад.

     Дар Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон роҳбарони олии давлат, вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, дахлдор, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарон кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок менамоянд.

Мақсадҳои Форум:

– шарҳи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020»;

  • шарҳи раванди татбиқи Ковенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар

 Тоҷикистон ва пешрафтҳо дар самти тасдиқи он дар соли 2021;

  • таҳияи афзалиятҳои бахши маъюбӣ барои 10 соли оянда дар мутобиқат бо афзалиятҳои миллии Мақсадҳои Рушди Устувор;
  • таъмини иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳо оид ба масъалаҳои маъюбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Натиҷаҳои интизорӣ:

– Ҳисобот оид ба рафти иҷрои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020;

– Ҳисобот дар бораи ҷараёни татбиқи онвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар Тоҷикистон;

  • таҳияи рӯйхати афзалиятҳои миллии бахши маъюбӣ то соли 2030 дар мутобиқат бо Мақсадҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва…;

 

БАРНОМА

      Мӯҳтавои Барномаи Форумро қисматҳои ифтитоҳи расмӣ, 2 ҷаласаи пленарӣ ва 4 ҷаласаҳои ҳамрадиф (паралелӣ), муҳокимаи масъалаҳо, саволу ҷавоб ва барномаи фарҳангии шахсони дорои маъюбият ташкил медиҳад.

      Мавзуъҳои асосии дар Форум баррасишаванда инҳо мебошанд:

 – тандурустӣ;

 – маориф;

 – ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди имкониятҳои иқтисодӣ;

 – тавонбахшӣ, воситаҳои техникии ёридиҳанда ва инноватсия;

 – махзани ягонаи маълумот ва иттилоот оид ба маъюбӣ ва

 маблағгузории бахши маъюбӣ;

 – муҳити дастрас.

Муддат ва ҷойи баргузорӣ

      Форум рӯзи 18 октябри соли 2019 дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Забонҳои Форум

      Забонҳои кории Форум тоҷикӣ ва англисӣ буда, тарҷумаи синхронӣ таъмин карда мешавад. Тарҷума ба забони русӣ ва дигар забонҳои расмии СММ, забони ишора ва субтитр низ мувофиқи имконият таъмин мегардад.

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 10
  • 46
  • 501
  • 161,496