Франсия дар Душанбе Институти модару кӯдак бунёд менамояд

Июн 29
11:09 2017

Ҷониби Франсия ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст. Ин матлаб имрӯз зимни вохурии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар садо дод. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Франсия мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон вохурии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар сурат гирифта буд. Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, такмили ихтисоси табибони тоҷик дар Франсия ва доир намудани курсҳои бозомӯзӣ дар дохили Тоҷикистон, табодули таҷриба дар самти бемориҳои дилу рагҳо ва ба тариқи ройгон роҳандозӣ кардани ҷарроҳиҳои мураккаб дар якҷоягӣ бо табибони маҳаллӣ ҳамкориҳоро боз ҳам вусъат медиҳанд.

Дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ ва Ясмин Гуедар таъкид гардидааст, ки соли 2019 дар Франсия баргузории нахустин Намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишвари моро аз асри биринҷ то имрӯз фаро хоҳад  гирифт.

Ҳамкории Тоҷикистону Франсия дар мисоли сохтмон ва навсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назаррас буда, бо мусоидати ширкатҳои Франсия ояндаи наздик корҳои васлу танзими таҷҳизоти бунгоҳи дистпечириву назоратии фурудгоҳи мазкур анҷом дода мешавад. Бунёди маркази савдои «Ашан» дар Душанбе аз ҳамкории дигари мутақобилан судманди ҷонибҳо маънидод гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 280
  • 616
  • 32,432