Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати
давлатии санитарию эпидемиологӣ
(Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008 с.№ 499)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 “Дар бораи ташили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тибқи замимаҳои 1,2,3,4 тасдиқ карда шаванд.
2. Шумораи кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба миқдори 40 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3. Ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Директор дошта бошад.
4. Барои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблаљгузории Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблаљҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 186
ш. Душанбе

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 201
  • 382
  • 47,534