Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Январ 15
10:06 2018

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил намудани як сохтори ҷадид дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласа баргузор гардид.

Маврид ба зикур аст, ки дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 29 декабри соли 2017 баргузор гардида буд, нисбати таъсиси чор ниҳоди нав қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд, ки яке аз онҳо таъсиси Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи хадамотҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар кори ҷаласаи мазкур Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Олимзода Насим Хоҷа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир ва доираи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади муаррифии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи хадамотҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳамзамон роҳбари нави ин ниҳод муаррифӣ гардид.
Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни баромади хеш муфассал қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намуд:

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2018 №13
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти
назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Бекмуродзода С.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бо сабаби таҷдиди сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бекмуродзода Султон Бекмурод аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2018 №14
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти
назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Муҳсинзода Ғ.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бо сабаби таҷдиди сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳсинзода Ғафур Муҳсин аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2018 №17
ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Хадамоти назорати давлатии
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Бекмуродзода С.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бекмуродзода Султон Бекмурод Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Зимни баромади хеш Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамзамон аз мушкилоти дар самти хизматрасонии тиббӣ ва фармасевтӣ ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, ташкили сохтори ҷадид дар соҳаро ташаббуси хирадмандонаи Ҳукумати кишвар унвон кард. Номбурда инчунин қайд намуд, ки мақсади аслии ташкили Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта, ба роҳ монда шудааст.
Дар навбати худ Насим Олимзода ҳузури меҳмононро хайрамақдам намуда гуфт; “Роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, ҷиҳати солимии аҳолӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди соҳа ҳама қудрату тавони худро равона хоҳанд кард”.
Дар рафти ҷаласа Насим Олимзода инчунин қайд намуд, ки дар асоси дасгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустии кишвар кормандони ин ниҳод ва намояндагони сохтори навтаъсиси Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри солимии аҳолӣ ва ҳифзи сиҳатии сокинон тамоми имконоти мавҷударо истифода хоҳанд кард.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=