Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати 
давлатии фаъолияти тиббӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).
2. Теъдоди ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ 45 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 17 воҳид ва сохторҳои тобеи он дар вилоятҳо 28 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ иҷозат дода шавад, ки 1 муовин дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 5 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 2 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ аз ҳисоби маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2008 № 484
ш. Душанбе

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 245
  • 138
  • 338,772