Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати 
давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои тобеи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба миқдори 100 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 40 воҳид ва сохторҳои тобеи он дар вилоятҳо 60 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 6 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблаљгузории Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз ҳисоби маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблаљҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 40 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 60 воҳид аз ҳисоби маблаљҳои махсус анҷом дода шавад.
5. Дар назди Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ:
Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ”;
Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ дар вилояти Суљд”;
Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ дар вилояти Хатлон”;
Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” аз нав ташкил дода шуда,
Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ дар минтакаи Кӯлоб” барҳам дода шавад.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 183 “Дар бораи Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ (бо ҳуқуқи хадамот)” аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2008 № 483
ш. Душанбе

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 222
  • 268
  • 339,017