Хазинаи Оғохон дар Хоруғ беморхонаи нав месозад

Апрел 05
10:12 2017

Вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо намояндагони Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон асосан мавзӯи беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини шароити техникии муассисаҳо дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро дарбар дошт. Намояндагони баландпояи ин хазинаи бонуфуз нақшаи  Беморхонаи наверо, ки дар шаҳри Хоруғ сохта ба истифода доданиянд, ба вазир пешниҳод намуданд. Тибқи  ин нақша сохтмон ва ба истифода додани Беморхонаи хусусӣ дар шаҳри Хоруғ аз се марҳила иборат буда, дар  даври аввал 50 ҷой барои  табобати беморон бо дастрасӣ ба техникаву технологияи муосири ташхисию табобатӣ,  дар даври  дуюм ва сеюм боз 200 кати дигар пешниҳод шудааст. Ба Лоиҳаи беморхона ҳамчунин дармонгоҳ, маркази ташхисӣ, шӯъбаи ёрии таъҷилӣ бо ҳуҷраҳои интенсивӣ ва шаш утоқи амалиётҳои ҷарроҳӣ ворид карда шудааст. Масъулони Хазинаи Оғохон иброз доштанд, ки новобаста ба доштану надоштани маблағ тамоми шаҳрвандони вилоят метавонанд аз хизматрасонии босифати тиббӣ дар ин  марказ истифода кунанд. Тибқи  қонунҳои амалкунандаи кашвар табақаи ниёзманди аҳолӣ ва кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар ин  маркази тиббӣ ба  тариқи ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд. “Дар назар аст, ки тамоми фаъолияти мо бо сохторҳои ҳукуматӣ ҳамоҳанг карда мешаванд”.- зикр намуд Хайс Варлавен, роҳбари барномаҳои шабакаи бунёди Оғохон дар Швейцария.

Маҳбат Баҳромов роҳари барномаҳои тандурустии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистонмахсусан қайд намуд, ки тамоми даромад аз беморхонаи шахсӣ барои  нигоҳ доштани шароити мусоид,  хариди  таҷҳитзот ва умуман баҳри фаъолияти босамари ин муассиса равона хоҳад шуд.

Сохтмон ва таҷҳизонидани Беморхонаи шаҳри Хоруғ тӯли ду сол дар назар аст.

Али Акбар Песнани, роҳбари Хадамоти Оғохон дар Тоҷикистонзимни сӯҳбат ҳамчунин иброз дошт, ки  барои рушди тибби фосилавӣ ва  роҳандозии маслиҳати мутахассисон тавассути телефонҳои мобилӣ ҳамкориро бо  муассисаҳои дахлдор ба роҳ хоҳанд монд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода дар навбати худ қайд намуд, ки  Вазорат ҷонибдори рушди тибби фосилавӣ ва мобилӣ аст, зеро аксари деҳаҳои дурдасти кишвар ниёз ба маслиҳати мутахассон доранд ва сари вақт  додани маслиҳати муфид  метавонад рушди аксари бемориҳо ба табобати нодурустро пешгирӣ намояд.

Тарафҳо ба тавофуқ омаданд, ки дар дигар самтҳои низ баҳри ташхису табобати босифати аҳолии кишвар, ба хусус ВМКБ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 88
  • 715
  • 361,201