Хатлон: боздиди Сарвазири мамлакат аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаҳои тиббӣ

Октябр 17
15:00 2019

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи як сафари кории хеш ба вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва Маркази саломатии ноҳияи Ҷайҳун  дидан намуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ҷараёни боздид ба рафти корҳои сохтмонии беморхонаи мазкур баҳои баланд доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён бо маблағгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта мешавад.

Мувофиқаи сохтмони ин беморхона ва як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ба имзо  расида буд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сохтмони ин иншооти муҳимро шаҳодати дӯстии ду кишвари дӯсту ҳамсоя арзёбӣ  намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ, инчунин, беморхонаи мазкур бо таҳҷизотҳои тибби замонавӣ низ таъмин хоҳад шуд. Ин беморхона, ки барои 200 ҷой пешбинӣ шудааст, метавонад на танҳо ба сокинони ноҳияи Қубодиён, балки ба сокинони ноҳияҳои Шаҳритуз ва  Носири Хусрав низ хидмат намояд.

Дар ҷараёни сафари кории хеш инчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷайҳун ба рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатии хусусӣ шинос шуда, барои дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншооти мазкур ба сохтмончиён  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази саломатии мазкур тибқи нақша бояд моҳи декабри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Ин иншоот дар ҳаҷми 1,7 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Мирзомуддин Холов сохта мешавад.  Пас аз ба истифода додани маркази саломатии мазкур 40 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,067
  • 1,805
  • 328,820