Хатлон: Кӯдакони маъюб дар маркази таваҷҷуҳ

Январ 09
08:42 2019

Баҳри  амалишавии  «Барномаи  миллии  тавонбахшии  маъюбон барои  солҳои  2017-2020»  ва  бо  мақсади  иҷрои  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  2 октябри  соли 2012, №543 «Дар  бораи  Номгўи  нишондодҳои  тиббие,  ки ба кўдакони маъюби  то 18-сола  ҳуқуқи  гирифтани  нафақаи  иҷтимоӣ  медиҳанд» аз 9941 нафар кўдакони маъюбе, ки дар қайди муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию  санитарии шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон  то 1 январи соли 2018 қарор доштанд, дар соли 2018 219 нафари онҳо солим гардонида шуданд.

Дар ин бора аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон  ба Moh.tj иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, давоми соли 2018 655 нафар кўдакони маъюб дар вилоят  ба  синни 18 даромаданд, ки 58 нафарашон  гурӯҳи маъюбӣ гирифта, 597 нафари онҳо ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоӣ  барои муайян намудани гурӯҳи маъюбӣ равона карда шуданд.

Айни ҳол дар қайди муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию  санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 10513 нафар кўдакони маъюби то синни 18-сола қарор доранд, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳиягардида солимгардонии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  идома дорад.

Бо мақсади беҳтарсозии хизматрасониҳои тиббӣ ба кўдакону  наврасон  дар   соли   2018  ба  Машваратгоҳҳои  психологӣ- тиббӣ  ва  педагогии  шаҳрҳои  Бохтар  ва  Кўлоб  зиёда  аз  5269  нафар  кўдакону  наврасон муроҷиат намуданд, ки 3747 нафари онҳо бори аввал қабулшудагон  мебошанд.

“Аз ҷониби  мутахассисон  ба онҳо кўмаки тиббӣ расонида  шуда, 135 нафари онҳо ба Маркази ҷумҳуриявии  барқарорсозии  саломатии ш. Ваҳдат, 52 нафар ба Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии Чорбоғи н. Варзоб,  53 нафар  ба  Пажўҳишгоҳи  экспертизаи  тиббию иҷтимоӣ ва барқароркунии  саломатии  ш. Душанбе, 147 нафар ба Маркази ҷумҳуриявии психологии тиббии педагогӣ, 38 нафар  ба мактаб-интернати ёрирасони №1-и ш. Кўлоб, 51 нафар кўдакон бо бемории аутизм ба ташкилоти ҷамъиятии “Ирода”-и ш. Душанбе, 4 нафар ба мактаб-интернати сустшунавоии н. Рўдакӣ, 1 нафар ба мактаб-интернати ҷамоати деҳоти Кангурти н. Темурмалик, 33 нафар ба Маркази тавонбахшии “Заршедабону”-и ш. Кўлоб, 45 нафар ба  мактаби таҳсилоти умумӣ ва  28 нафар ба боғчаҳо равона  карда  шуданд”,- иттилоъ доданд аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 6
  • 157
  • 202
  • 134,351