Хатлон: озмуни «Ғизои солим ба хотири насли солим»

Хатлон: озмуни «Ғизои солим ба хотири насли солим»
Август 10
08:32 2019

Рӯзи 9 августи соли равон дар чорчӯбаи таҷлили Даҳаи кӯмак ва дастгирии синамаконӣ, ки имсол таҳти шиори «Ҳуқуқҳо ва имкониятҳои волидайнро васеъ намуда, барои ғизои табиӣ (синамаконӣ) имконият фароҳам намоед», аз 1 то 10 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Ғизои солим ба хотири насли солим» бо иштироки кормандони тиббии 12 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, кормандони тиббии муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Н. Хусрав, Шаҳритуз,  Қубодиён,  Ҷ . Балхӣ ,  Ҷайҳун, Дӯстӣ , Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ихтиёриён, фаъолони ҷамоатҳои  шаҳру ноҳияҳои мазкур ва  бо дастгирии ташкилоти  ғайритиҷоратии байналмилалии “ИнтраҲэлс Интернэшнл Инк” гузаронида шуд.

Озмуни мазкур дар се марҳила доир гардида,  ҳадафи баргузории он омода намудани нақшаҳои ноҳиявӣ оид ба баланд бардоштани фоизи кӯдакони синни то 6 моҳа, ғизогирии шири модар ва баланд бардоштани дониши занону модарон оид ба масъалаи мазкур мебошад.

Дар чорабинии мазкур  лавҳаҳо оид ба таркиб, истифодабарӣ ва тарзи тайёр намудани ғизои солим аз мева, сабзавотҳои ватанӣ омода  гардида, дар макони баргузории чорабинӣ насб карда шуданд.

Ҳамин тавр, тибқи натиҷагирии ҳайати ҳакамон кормандони тиббии ноҳияи Кӯшониён соҳиби ҷойи аввал, кормандони тибби ноҳияи Ёвон  сазовори ҷои дуюм ноҳияи А. Ҷомӣ сазовори ҷои сеюм гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 179
  • 231
  • 173,844