Хатлон: силсилачорабиниҳои “Духтурон бидуни марз” оид ба пешгирии ВНМО дар байни аҳолӣ

Хатлон: силсилачорабиниҳои “Духтурон бидуни марз”  оид ба пешгирии ВНМО дар байни аҳолӣ
Декабр 13
14:33 2019

Ташкилоти байналмилалии “Духтурон Бидуни Марз” таҳти унвони  “ВНМО/БПНМ дар кӯдакон ва оилаҳои онҳо“дар ҳамкорӣ бо  Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд. Ҳадаф аз баргузории силсилачорабиниҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа вобаста ба  ВНМО  ва роҳҳои пешгирии он мебошад.

Қобили зикр аст, ки ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” аз соли 2016 дар минтақаи Кӯлоб фаъолият карда, ҷиҳати аз санҷиш ва ташхиси бемории ВНМО гузаштан шаҳрвандонро бо тестҳо таъмин мекунад ва инчунин оид ба табобати бемориҳои ҳамрадиф, пешгирӣ аз интиқолёбии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак кӯмак кӯмак мерасонад.

Силсилачорабиниҳо аз тарафи  ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз”  дар ҳамкорӣ бо  Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Маркази вилоятии тарзи ташаккули ҳаёти солим ва Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар чор ҷамоати  шаҳри Кӯлоб гузаронида шуданд. Дар рафти чорабиниҳо ба шаҳрвандон оид ба интиқолёбӣ ва пешгирии бемории ВНМО аз ҷониби мухатахассисон маълумот пешниҳод гардид. Ҳамзамон,  ба шаҳрвандон лентаҳои рамзии сурх ва варақаҳои иттилоотӣ  тақсим карда шуданд.

Инчунин, дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур байни муассисаҳои гуногуни тандурустии шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои футболи хурд ташкил карда шуд. Дастаҳое, ки  дар мусобиқа ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, аз тарафи ташкилоти байналмилалии  “Духтурон бидуни марз” ва Маркази вилоятии тарзи ташаккули ҳаёти солим бо тӯҳфа ва медалҳо сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” дар ҳамкорӣ бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ва Маркази вилоятии тарзи ташаккули ҳаёти солим дар минтақаи Кӯлоб бо донишҷӯён ва ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳр дар бораи интиқолёбӣ ва пешгирии бемории ВНМО  презентатсия ва маҳфили саволу ҷавобҳоро доир намуданд.

Дар саҳни ҳавлии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” аз тарафи Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и минтақаи Кӯлоб барои ташхиси ройгони шаҳрвандон нақлиёти сайёр ташкил ва ҳамзамон дар бораи  огоҳёбӣ, аз он ҷумла машваратҳои қабл ва баъд аз санҷиш, тестҳои оҷилии ройгон барои калонсолон ва кӯдакон, тақсимоти китобчаҳо, лентаҳои рамзии сурх ва  буклетҳо оид ба ВНМО ба роҳ монда шуд.

Дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” дар бораи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа оид ба бемории ВНМО ба аҳолӣ 3400 дона варақаҳои иттилоотӣ, инчунин, ба 10 марказҳои ВНМО-и минтақаи Кӯлоб 2000 дона брошюраву 50 дона овезаҳо тақсим намуд  ва дар рафти чорабинӣ 200 дона тестҳои оҷилӣ барои аз ташхиси ройгон гузаштани аҳолӣ низ таъмин карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” ва Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 бо ҳадафи беҳтар намудани ташхис ва табобати бемории сил дар ш. Душанбе лоиҳаи нигоҳубини ҳамаҷонибаи бемории сил дар кӯдаконро амалӣ намуданд.  Аз моҳи июни соли 2016 ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” лоиҳаи ВНМО дар кӯдакон ва оилаҳои онҳоро дар ш. Кӯлоб оғоз кард.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 453
  • 1,000
  • 246,856