Хатлон: 20 нафар мутахассисони кошонаҳои ҳусн аз курси бозомӯзӣ гузаштанд

Хатлон: 20 нафар мутахассисони кошонаҳои ҳусн аз курси бозомӯзӣ гузаштанд
Апрел 22
14:10 2019

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ба талабот мутобиқ гардондани фаъолияти онҳо вазъи кошонаҳои ҳусни шаҳрро мавриди санҷиш қарор дод.

Дар рафти санҷиш мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар кошонаҳои ҳусни шаҳр як қатор камбудиҳоро ошкор намуда, барои рафъи онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла, бинобар ҷой доштани камбудиҳои мавҷуда фаъолияти 7  кошонаи ҳусн то бартараф намудани камбудиҳо қатъ карда шуда, ҳамчунин нисбати 10 нафар кормандони ин коргоҳҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар дар баробари бурдани корҳои назоратию санҷишӣ, инчунин баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо масъулин ва кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стамотологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ низ мегузаронанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ кормандони кошонаҳои ҳусни вилоятро ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтаст, то имрӯз беш аз 20 нафар мутахассисони соҳаи мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 205
  • 1,189
  • 279,205