Хизматрасонии иҷтимоӣ беҳтар мегардад

Хизматрасонии иҷтимоӣ беҳтар мегардад
Апрел 22
13:08 2019

Давоми се моҳи аввали соли 2019 роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дарки масъулияти корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардидаро сармашқи кори худ қарор дода, фаъолияти хешро дар заминаи стратегияву барномаҳои амалкунанда ба роҳ мондаанд.

Тавре сардори Раёсати кафолати кӯмакҳои иҷтимоии Агентӣ Набиҷон Ҷӯраев ба moh.tj иттилоъ дод, дар семоҳаи аввали соли 2019  аз ҷониби шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши муваққатӣ дар ҷумҳурӣ ба 8031 нафар ниёзманд хизмати иҷтимоӣ ва тавонбахшии ҷисмониву равонӣ расонида шудааст, ки аз ин шумора 6199 нафарашон пиронсолону маъюбон ва 1832 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд  мебошанд.

Тибқи иттилои ӯ, айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1193 нафар бошанда, аз ҷумла 673 нафар мард, 520 нафар зан, 97 нафар кӯдаки маъюб қарор дошта, аз ин шумора 281 нафар маъюби гурӯҳи якум, 554 нафар маъюби гурӯҳи дуюм ва 10 нафар маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд.

Давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 14 нафар ба муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул гардида, айни ҳол дар муассисаҳои будубоши доимӣ 18 нафар ятими кул ва 40 нафар нимятим қарор доранд.

Инчунин дар ин давра 20 нафар пиронсолон ва маъюбон аз муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ  ба муҳити оилавӣ баргардонида  шуданд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар ин самт ба сарпарастони муассисаҳо ва мақомоти давлатӣ, шахсони саховатпеша, ташкилотҳои ҷамъиятию соҳибкорон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва беморони руҳӣ аз ҷониби онҳо ба маблағи 109 947 сомонӣ, аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони саховатпеша, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маблағи 106 960,2 сомонӣ ва дар маҷмуъ 216 907, 2 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ ворид гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша дар мавсими истироҳатии соли ҷорӣ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ 1780 адад роҳхати ройгон барои имтиёздорон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон ҷудо карда мешавад. Барои гузаронидани мавсими истироҳатии соли ҷорӣ аз буҷаи давлат 5 043 040 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Мавсуф қайд кард, ки яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин хизматрасониҳои ройгони  иҷтимоӣ мебошад, ки он ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта расонида мешаванд. Барои  беҳтар намудани  сатҳу сифати  хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  ва  камхарҷ гардонидани онҳо тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 37 адад марказҳои хизматрасонӣ  фаъолият доранд

-Дар ин давра ба 1488 нафар эҳтиёҷманд чорабиниҳои офиятбахшии иҷтимоӣ, солимгардонии ҷисмонӣ, равонӣ, рушди зеҳнӣ, мутобиқшавӣ ва ҳампайвандӣ бо ҷомеъа гузаронида, онҳоро се  маротиба дар як рӯз бо ғизои гарми мувозишуда таъмин намуданд,- афзуд Н. Ҷӯраев.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра 4 маркази дигар барои ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифтани пиронсолону маъюбони яккаву танҳо дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Хуросон, А. Ҷомӣ ва Ёвон фаъолияти пурсамар намуда, самти фаъолияти се маркази болозикр ба тавонбахшии кӯдакон дар хонаашон равона шудааст. Дар ин давра 65 нафар  кормандони марказҳои болозикр ба 94 нафар калонсол ва 123 нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд, ҷамъ ба 217 нафар хизматҳои офиятбахшии иҷтимоӣ хизмат расонидаанд.

Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 41 адад шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки давоми 3 моҳи соли 2019 ба 5036 нафар (2860 нафар зан ва 2176 нафар мард) ниёзмандон ва оилаҳои эҳтиёҷманд хизматҳои иҷтимоӣ- маишӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расониданд.

Тазаккур бояд дод, ки тибқи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №416 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437” механизми таҷрибавии кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳои  навинтихобшуда ҷорӣ гардида, айни замон  дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ амалӣ шуда истодааст.

То санаи 2 апрели соли 2019 дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ  маълумоти  26594 хонавода ба системаи иттилоотии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) ворид карда шуда (соли гузашта 28147 нафар), аз онҳо 23639 хонавода ё оила барои гирифтани кӯмакпулии унвонии  иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намуданд,  ки аз ин шумора шахсони яккаву танҳои пиронсол 606 нафарро ташкил менамоянд. Дар маҷмӯъ шумораи умумии гирандагони кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ 94 211 нафарро ташкил медиҳад.

Роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат тадбирҳои судманд андешида, дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, фаъолияти хешро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 24
  • 242
  • 167,306