Ҷаласаи нахустини кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмўӣ барои модар ва кўдак» баргузор гардид

Ҷаласаи нахустини кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмўӣ барои модар ва кўдак» баргузор гардид
Феврал 25
14:52 2020

25 феврал дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи нахустини кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмўӣ барои модар ва кўдак»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Файзобод ва намояндагони гурўҳи идоракунии Лоиҳа низ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода дар оғози ҷаласа   ёдовар шуд, ки амалисозии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №1169 «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон» оғоз гардидааст.

«Ҳадафи Лоиҳа беҳтар гардонидани фарогирии занон ва кўдакон ба хизматрасониҳои босифати кумаки аввалини тиббию санитарӣ мебошад, ки ин бори дигар аз ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани хизматрасониҳои босифату муосири тиббӣ ба аҳолии мамлакат шаҳодат медиҳад», — зикр намуд ӯ.

Бино ба маълумоти муовини Сарвазир, кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравии зикршуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2019 тасдиқ шудааст.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа тавассути беҳтаркунии банақшагирӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ бо таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти дурусти кадрҳо барои ноҳияҳои зерҳадаф, вориднамоии системаи самараноки беморон байни кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳо, ҳамгироии барномаҳои амудӣ ба сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, мукаммалнамоии системаи беҳтаркунии муттасили сифат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ва таъсиси системаи назорати устодӣ,   маблағгузорӣ дар асоси табобат,   мукаммалсозӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор дар беморхонаҳо ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба туфайли сохтмон ва таъмири иншоотҳо, таъминот бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ, беҳтаркунии системаи идоракунии таҷҳизот ва тақвияти иқтидори мутахассисон оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизот дар беморхонаҳои ноҳияҳои зерҳадаф амалӣ сохта мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки маблағи умумии лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3,2 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Амалисозии лоиҳаи мазкур аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31  августи соли 2025 идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 170
  • 268
  • 338,965