Хизматрасониҳои ройгони тиббӣ дар Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ

Хизматрасониҳои ройгони тиббӣ дар Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ
Апрел 06
16:06 2019

6 апрели соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии умумиҷумҳуриявӣ таҳти шиори «Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ» доир шуд, ки дар он устодону профессорон ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳузур доштанд.

Дар доираи чорабинии мазкур, ки дар шаҳру вилоятҳо низ роҳандозӣ гардид, ҳазорон шаҳрванди ҷумҳурӣ аз муоинаи ройгон гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва тарзҳои табобати онҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба онҳо маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд.  Аз ҷумла, аз тарафи мутахассисони муассисаҳои тандурустии кишвар ташхиси ултрасадо, рентген, озмоишгоҳу лабараторияҳои сайёр ҷиҳати муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу раг, шуш ва роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳои мавҷуда дар хизмати мардум ройгон қарор дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол Мунаввара Додхудоева, академик, профессори кафедраи акушерӣ ва геникологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мегӯяд, баргузор гардидани чунин чорабиниҳо аз иқдомҳои беҳтарини Ҳукумати кишвару Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чун дар ин рӯз мардуми зиёд вобаста ба вазъи саломатии хеш ба табибон муроҷиат менамоянд:

«Дар чунин рӯзҳо ба саломатии духтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан лозим аст. Чунки ҷавондухтарон давомдиҳандаи насли оянда буда, солимии онҳо бисёр аҳамияти калон дорад.

Имрӯз дар ин чорабинӣ тамоми мутахассисони варзидаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок доранд. Мо кӯшиш мекунем, ки чорабинии мазкурро дар сатҳи баланд гузаронида, ҳар донишу таҷрибае, ки дорем, барои табобат ва машварати беморон истифода намоем”,- афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Президенти Академияи илмҳои тиб, доктори илмҳои тиб, профессор -Алиҷон Ғоибзода баргузории чунин як чорабинии муҳимро баҳри солигардонии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуд.

“Як хусусияти хоси ин чорабинӣ он аст, ки дар ин рӯз ҳама мутахассисон дар як ҷо ҷамъ шудаанд ва шаҳрвандон бидуни мушкилӣ ва озодона бо онҳо дар мавриди вазъи саломатии хеш суҳбат мекунанд. Инчунин, дар ин ҷо тамоми шароити лозима барои ташхиси беморон муҳайё гардидааст ва беморон дар як ҷо метавонанд аз ҳама намуд ташхис истифода баранд. Масалан, вақте беморон ба мо муроҷиат мекунанд, ба онҳо тавсия медиҳем, ки рафта анализ супоред, томография ва рентген бикунед ва онҳо барои ин кор чанд ҷо мераванд. Як афзалияти дигари чорабинии имрӯза дар он аст, ин ҳама ташхису анализ ва хизмати табибон ба беморон ройгон гузаронида мешавад”.

Парвина Мухторова, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” мегӯяд, дар миқёси ҷаҳон эълон ва таҷлил шудани 7 апрел ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” чорабинии хушку холӣ нест.  Балки ин як навъ ҷалби таваҷҷуҳи  роҳбарон, сарватмандони ҷаҳон ва аҳли ҷомеа ба мушкилоти тандурустӣ, вазъу ҳолати беморон ва ҳифзу ҳимояи саломатии инсонҳо мебошад.

“Ин рӯз даъват аст ба тамоми табибони ҷаҳон, то ки дар роҳи сиҳатии мардум донишу таҷрибаи хешро дареғ надоранд ва вазифаи хешро бо шарафмандӣ ва аз рӯйи садоқату самимияту вафодорӣ баҷо оранд.  Ва ниҳоят ин рӯз муроҷиат ба тамоми мардумон аст, ки саломатӣ – ин гавҳари ноёбро ҳифз намоянд, аз сиҳатии хеш доимо бохабар бошанд”.

Тавре Парвина Мухторова гуфт:

– Вобаста ба самти тарзи ҳаёти солим, ки иҷрои он ба дӯши маркази мо вогузор шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2010 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”-ро қабул намуда буд. Ин барнома дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нақши босазо бозид. Моҳи марти соли 2017 бо Фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” дар доираи  амалӣ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид, ки ҳадафи асосии ин дастур ҳарчи бештар ҷалб намудани  аҳолӣ ба масъалаҳои саломатӣ ва бо ин роҳ муайян ва табобат намудани бемориҳо дар байни мардум мебошад. Гумон мекунам, ки пурра амалӣ гардидани ин дастур сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро баланд мебардорад, шумораи бештари дардмандон ба муоинаи тиббӣ фаро гирифта мешаванд, инчунин сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ низ боз ҳам баландтар ва беҳтар мегардад.

Маълум аст, ки ҳар сол 7 апрел ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳониии  тандурустӣ” дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва  он ҳар сол таҳти шиорҳои гуногун мегузарад. Бо пешниҳоди Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ ин рӯз имсол таҳти шиори “Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ” мегузарад. Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо равона гардидаанд. Маълум аст, ки дар давоми солҳои истиқлолият, бахусус баъд аз ба даст овардани сулҳу субот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ, ба пешрафти он, ба ҳарчи бештар фаро гирифтани мардум ба хизматрасониҳои тиббӣ, ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки солҳои охир дар маркази кишвар, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои зиёде сохта ба истифода дода шуданд. Тамоми ин беморхонаҳо бо навтарин технологияи тиббӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар деҳот бунгоҳҳои зиёди тиббӣ ба кор даромаданд, ки ин ҳама ба хотири бештар фаро гирифтани аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, мустаҳкам намудани саломатии сокинони кишвар мебошад.

Ҳамчунин, дар пажӯҳишгоҳи мазкур бо иштироки мувоини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари Намояндаии Ташкилоти умуиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Марта Эверард ва доираи васеъи хабарнигорони ВАО-и кишвар бахшида ба Рӯзи умуиҷаҳонии тандурустӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишаст муовини вазир ва роҳбари намояндагии ТУТ вобаста ба таърих ва сабабҳои таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ маълумоти мушахас дода, ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳавиро барои пешгирӣ ва рафъи бемориҳо назаррас арзёбӣ намуданд. Бештар масъалаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ вобаста ба пардохти хизматрасониҳои тиббӣ барои одамони камбизоат ва маъюб, маҷмӯи хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар самти КАТС, назорати амнияти озуқаворӣ, сохтмони бинову иншоотҳои нави тиббӣ, солимии насли наврас, гузаронидани озмуну курсҳои омӯзиши бо кормандони ВАО ва дигар масъалаҳои марбута саволгузорӣ намуда, аз муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбари намояндагии ТУТ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир аз ҳамкориҳои доимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо ВАО изҳори қаноатмандӣ карда шуда, зикр гардид, ки дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва инъикоси воқеии фаъолияти вазорат нақши рӯзноманигорони шабакаҳои телевизиону радиё ва матбуоти даврӣ хеле назаррас аст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 23
  • 242
  • 167,305