ХИЁНАТҲОИ ТЭТ ҲНИТ НОБАХШИДАНИСТ!

ХИЁНАТҲОИ ТЭТ ҲНИТ НОБАХШИДАНИСТ!
Июн 07
10:06 2018

Дар даврони Шуравӣ дин падидаи зараровар, занҷири пои прогрессу тараққиёт дониста шуда, мудом бар зидди он мубориза бурда мешуд. Дар ҳамаи донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ таълиму тарбия характери зиддидиннӣ (атеистӣ/бехудоӣ) дошт.

Баъд аз пошхӯрии давлати Шуравӣ сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба дин пурра тағйир ёфта, зимнан тамоми шароитҳо барои рушду ривоҷи дин муҳайё гардид.

Дар солҳои даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ17-адад масҷиди ҷомеъа фаъолият мекард ва 30-нафар шаҳрвандон озими «Хонаи Худо» ҳаҷи Акбар гардида буданд. Имрӯзҳо бошад, дар муддати 26 соли Истиқлолияти давлатӣ 4000 масҷидҳо фаъолият доранд, зиёда аз 200 ҳазор шаҳрвандон бо таври расмӣ дар дохили кишвар таълими динӣ гирифта, дар Донишкадаи Исломии Тоҷикистон 1500 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Ғайр аз ин зиёда аз 20 китобу рисолаҳои гуногуни динӣ, бахусус Қуръони Карим тарҷума ва нашр карда шуданд. Соли бузургдошти пешвои мазҳаби мо тоҷикон Абуҳанифа Нӯъмон Ибни Собит-Имоми Аъзам ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳанг ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо вуҷуди ин гуфтаҳо дар даврони Истиқлолият дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҷунбишу ҳизбҳои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Аммо мутаассифона, таъсири дин на барои таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва беҳбудии ҳаёти халқ, балки барои тафриқа ва ҷудоиандозӣ ба тундгароию экстремизм ва ғасби ҳокимият равона шуда буд.

Агар мо солҳои ҷанги шаҳрвандии кишварро ба ёд орем, мебинем, ки маҳз бо таъсиррасонии ҳизби террористии ҲНИТ ва пайравони ӯ ҷараёнҳои «ваҳобия ва салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мардуми Тоҷикистон бо гурӯҳҳо ҷудо шуда, кишварро ба дараҷаи фалаҷшавӣ расониданд ва кушокушӣ сар шуда, мардуми Тоҷикистон фирорӣ гардид. Падар бо писар, духтар бо модар ва бародар бо бародар душман шуданд. Тариқи садову симо гиряю мотами зани тоҷик дили бинандаро реш-реш мекард. Тавре ки вақтҳои охир пурра маълум шуд, ин ҳама бесарусомониҳо аз ҷониби ҲНИТ ва пайравони он сар задааст.

Солҳои охир аъзоёни ин ҳизби ифротиву террористӣ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро содир намуда, боиси халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум гардиданд.

Ин равияҳои номатлуб давлатҳои абарқудрати тамоми гӯшаю канори ҷаҳонро ба доираи манфиатҳои ҳаётан зарурии худ дохил менамоянд. Ҳодисаҳои дар Ироқ, Миср ва Сурия нишон дод, ки гурӯҳҳои ифротии диниӣ ҷалби ҷавононро ба ин давлатҳои ба ном исломӣ таъмин намуда, вазъи сиёсии оламро ноором месозанд. ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд ҳокимияти сиёсиро ба даст оварда, тоҷиконро ба тарзи зиндагонии Асрҳои Миёна бозгардонанд.

Барои инсон хоҳ зан бошаду хоҳ мард беҳтарин хислат доштани одоби накӯ аст, зеро Қуръони карим саропо одоб аст. Имрӯзҳо намояндагони 425 дини ҷаҳон дар ҳайратанд, ки чаро исломи поку беолоишро ба гурӯҳҳо тақсим намуданду якдигарро террор мекунанд.

Ҳинду Чин 150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду ба тариқи сулҳу якдили зиндагӣ мекунанд. Мо, мусулмонон 1-Худо, 1-Пайғамбар ва 1-Қуръон, ки Алберт Эйнштейнт дар васфи он мегӯяд: “Қуръон китоби ҷабр ё ҳандаса нест, маҷмӯе аз қавонин аст, ки башарро ба роҳи саҳеҳ, роҳе, ки бузургтарин фалосифа ва донишмандони дунё аз таъриф ва таъйини он оҷизанд, ҳидоят мекунад” дорем, вале пайваста дар тазодди якдигар қарор дорем ва бо таъсиррасонии гурӯҳҳои ифротӣ дини мубини исломро ҳамоно доғдор мекунем.

Исломи нобу таълимоти покиза аз бузургони мо Салмони Форс, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва дигар нобиғаҳои миллати тоҷик, ки дар рушду нумӯи илму маърифати исломӣ саҳми босазо доранд ба мо ёдгор мондааст.

Дар таърихи 29-январи соли 2016 сохтори минтақавии зидди террористии созмони ҳамкории Шанхай созмони террористӣ- экстремистӣ ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд, яъне 8 кишвари бузурги ҷаҳон ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф кардаанд.

Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон як маротиба дар доми фиреби ҳомиёни ҲНИТ ва пайравони он афтида буданд ва беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро аз даст доданд, имрӯз вақти он расидааст, ки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин гурӯҳҳои номатлуб муборизаи беамон бубарем. Вақти он расидааст, ки дини покамонро аз нигоҳҳои ғаразноку ақидаҳои ботил ҳифз намоем ва баҳри ҳимояи обрӯю эътибори он саъю кӯшиш намоем. Бузурге фармудааст:

Кас агар дӯст надорад Ватан, имонаш кӯ,

Дӯстдории Ватан фарз, агар виҷдон аст.

Агар дӯстдоштани Ватан фарз бошад, биёед баҳри амну суботи Тоҷикистони азизамон, зиндагии осоиштаи мардум ҳиссаи арзандаи худро гузорем, нагузорем, ки нохалафе амну суботи кишвари азизамонро халалдор созад.

Нуриддин Акрамов,

устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон

din.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 107
  • 288
  • 100,271