“Хоҷаобигарм”- мӯъҷизаи ҳаштуми олам

“Хоҷаобигарм”- мӯъҷизаи ҳаштуми олам
Август 27
14:14 2019

«Хоҷаобигарм» яке аз машҳуртарин ва қадимтарин муассисаҳои табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин осоишгоҳ тариқи оби гарм ва буғи табиӣ, ки дар тамоми олам назир надорад, даҳҳо намуди беморӣ табобат карда мешавад.

Таърихи таъсиси осоишгоҳи “Хоҷаобигарм” ба соли 1935 рост меояд.  Он 84 сол муқаддам бо ташаббуси  роҳбарони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки дар аввал осоишгоҳ аз чанд бинои хурд иборат буд.

Соли 1972 бо ташаббуси Котиби якуми Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шодравон Ҷаббор Расулов, раиси Иттифоқҳои касабаи  Ҷумҳурии Шӯравии  Сотсиалистии Тоҷикистон  А.Ҳайдаров, раиси ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, ки он вақт осоишгоҳ дар ҳудуди ноҳияи мазкур дохил мешуд шодравон Абдураҳмонов,  вазири тандурустии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шодравон И. А. Саженин, сардори раёсати курортҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон У. Раззоқов сохтмони бинои нави осоишгоҳи “Хоҷаобигарм”  оғоз гардида, он соли 1982 мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Ба истифода додани бинои нави осоишгоҳи мазкур имкон ба вуҷуд овард, ки шароити табобатии беморон хеле беҳтар гашта, боиси дар сар то сари Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати тоза пайдо намудани он гардад.

Маврид ба зикр аст, ки бинои «Хоҷаобигарм» то соли 2011 таъмирталаб буд. Вазъи бади табобатгоҳ фазои истироҳату фароғатро халалдор месохт.  Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмиру таҷдиди осоишгоҳ маблағ ҷудо намуд. Дар як муддати кӯтоҳ осоишгоҳ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, шароити будубош ва табобату истироҳати мизоҷон ба куллӣ тағйир ёфт.

Имрӯз симои осоишгоҳи “Хоҷаобигарм” куллан дигаргун гашта, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар он мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Осоишгоҳ  имкон дорад, ки дар як вақт 600 нафар истироҳаткунандаро қабул намояд. Муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, айни ҳол дар он 140 нафар мутахассисон кору фаъолият доранд. Дар осоишгоҳи «Хоҷаобигарм» 20 намуди беморӣ табобат карда мешавад. Имрӯзҳо ниёзмандон на танҳо аз дохили кишвар, балки аз хориҷи мамлакат низ барои истироҳат ва табобат ба ин осоишгоҳи овозадор муроҷиат мекунанд. Аз ҷумла шаҳрвандони зиёде аз кишварҳои Русия, Арабистон, Ӯзбекистон, Эрон, Хитой ва Афғонистон ба осоишгоҳ ташриф меоранд.

“Хоҷаобигарм” яке аз беҳтарин осоишгоҳҳо  на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро, таъсири буғ ва оби шифобахши нодири он аз замони кашф шуданаш то имрӯз диққати олимони тиб, муаррихон ва тамоми ниёзмандонро ба худ ҷалб намудааст. Шояд ҳамин нодирӣ ва таъсири муъҷизаофарии ин неъматҳои табииаш бошад, ки бархе аз олимон осоишгоҳи “Хоҷаобигарм”-ро муъҷизаи ҳаштуми олам унвон кардаанд.

“Хоҷаобигарм” ягона осоишгоҳ  дар дунё ба шумор меравад, ки дар он об ва буғи радонии табииро бе иловаҳои сунъӣ барои табобат  истифода мебаранд ва ана ҳамин бартарияш онро дар тамоми олам маълуму машҳур кардааст. Дуруст аст, ки айнан  чунин обу буғ дар кишвари Фаронса ҳам буд, аммо он бо сабабҳои номаълум асри гузашта хушкид.

Дар бораи пайдоиш ва таъсири табобатии буғ ва оби шифобахши “Хоҷаобигарм” дар маъхазҳои илмӣ зиёд гуфта шудааст. Аз ҷумла Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар рисолаи “Қонуни тиб”, олими форсизабони ҳиндустонии асри 15 Баҳва ибни Ҳавас дар китоби “Воситаҳои табобатию минералӣ”, олими географии асри 19-и рус Покатилло дар чандин рисолаҳои илмии худ ва  даҳҳо нафар олимони соҳаҳои гуногун дар ин хусус муфассал гуфтаанд.

Ҳарчанд ин буғи тасфону шифобахш хеле барвақт ба мардуми Осиёи Марказӣ маълум буд, аммо мардуми Аврупо танҳо охири асри 19 бо шарофати географи рус профессор  В.К. Липиский аз он огаҳӣ пайдо намуданд. Соли 1889 В.К.Липийский ба Бухорои Шарқӣ сафар карда, ин ганҷи бебаҳоро бо чашмони худ дид ва овозаи онро ба Аврупо бурд.

Профессор В.К. Липийский дар маърӯзаи хаттии худ, ки он дар Бойгонии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад, ба обу буғи гарми ин мавзеъ баҳои баланд дода, онро дорои аҳамияти бузурги табобатӣ шарҳ додааст.

Тибқи гуфтаи мутахассисон, дар қарнҳои пешин мардум аз оби маъдандори “Хоҷаобигарм” ҳавзҳо сохта, дар онҳо оббозӣ карда, ба дардҳои хештан даво меҷустанд. Баъди солҳои бистуми асри гузашта корҳои ташхисию татқиқотӣ дар “Хоҷаобигарм” оғоз гардид. Корҳои татқиқотӣ нишон доданд, ки  буғ ва оби шифои радонӣ ба торҳои асаб, рагҳои хунгузар, васеъшавии хунрагҳои пӯст таъсири мусбӣ мерасонад, ичунин суръати гардиши хун дар рагҳои майдатарин, мӯйрагҳо ва пешмӯйрагҳо меафзояд. Мубодилаи моддаҳо дар қабатҳои пӯст беҳтар мегардад. Ҳангоми сурхшавии пӯст бисёртар ҷудо гардидани арақи бадан ва инчунин таассуроти гармию болидарӯҳӣ дар шахс мушоҳида мегардад. Дар ин росто, махсус бояд зикр намуд, ки ин хусусияти оби маъдандори радонӣ дар табобати бемориҳои пӯст васеъ истифода бурда мешавад.

Дар осоишгоҳи “Хоҷаобигарм” муолиҷаҳо бо оби шифобахши радонӣ дар шӯъбаи “Оби шифо”, ки дар ошёнаи 2-юми  бинои “Б” ҷойгир аст, ба роҳ монда шудаанд.   Намудҳои муолиҷа бо оби шифои радонӣ инҳоянд:

-муолиҷа бо оби гарми радонӣ  бо усули даврзанӣ;

-қабули оби гарми радонӣ дар тағораҳо;

-муолиҷа бо оби гарми радонӣ бо қувваи фишор (шарко);

-оббозӣ дар ҳавзи муолиҷавии калон бо оби радонӣ;

-шустӯшӯи узвҳои таносули занона бо оби радонӣ;

-шустушӯи рӯдаҳо бо оби маъданӣ;

-маҳси зериобӣ.

Дар осоишгоҳи “Хоҷаобигарм” ба ҷуз табобат бо буғи беҳамтои шифобахшу оби маъдандори радонӣ, боз беморон аз чандин намуди табобатҳои дигар  низ истифода бурда метавонанд, ки ин намудҳои муолиҷа тавассути духтурони донишандӯхтаю корозмуда амалӣ карда мешаванд.

Ҳарчанд чунин намудҳои табобат дар дигар осоишгоҳу дармонгоҳҳои мамлакат низ мавҷуданд, аммо дар шароити манзараҳои дилписанд табобат гирифтан бе шубҳа таъсирнокии ҳар намуди табобатро бештар карда, дараҷаи фоидабахшии онро афзун менамояд.

Бемориҳое, ки дар осоишгоҳи  “Хоҷаобигарм табобат карда  мешаванд

Буғи ҷонбахшу оби шифои осоишгоҳи “Хоҷаобигарм шояд ба дардҳои боз ҳам бештаре даво бошад, аммо то имрӯз аз ҷониби олимон ба дардҳои зерин даво буданашон исбот шудааст: бемориҳои системаи хунгузар, бемориҳои пӯст, бемориҳои системаи устухону машкҳо, бемориҳои асабҳои марказӣ ва торҳои берунии асабҳо, бемориҳои музмини гӯш, бинӣ, даҳон, дандон ва гулӯ, бемориҳои гуногуни сутунмӯҳра, бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракат, бемориҳои узвҳои таносули занона ва мардона…

Бемориҳое, ки табобаташон дар осоишгоҳиХоҷаобигарм мамнуъ аст

Бо вуҷуди он, ки буғу оби шифобахши “Хоҷаобигарм” давои даҳҳо бемориҳост, аммо боз ҳастанд бемориҳое, ки табобаташон дар  осоишгоҳи мазкур манъ аст. Зеро, тибқи натиҷагирии олимони тиб табобати бархе бемориҳо бо буғу оби радонӣ метавонад сабаби ангезиш ва хуруҷи чунин бемориҳо шавад: бемории саратон қатъи назар аз дар кадом узви бадан буданаш, тамоми намуди  маризиҳои дил, ки дар 6 моҳи охир табобат нашудаанд, тамоми намуди маризиҳои сил, ки дар 1, 2, 3 соли охир табобат нашудаанд, бемории глаукомаи чашм ва захми нави фасоддор.

Боду ҳавои мусоиди мавзеи ҷойгиршавии “Хоҷаобигарм”, шароити табобатию истироҳатии осоишгоҳ имкон медиҳад, ки он дар тамоми фаслҳои сол ба мизоҷон бемаҳдудият ва бо сифати баланд хизмат  расонида шавад.

Мавзеи осоишгоҳ хеле дилкаш аст. Аз ду тарафи он дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ, ки онҳоро мардуми таҳҷоӣ Оби Мазор ва Оби Каландӣ  меноманд, ҷорӣ шуда, дар поён ба ҳам мепайванданд. Биноҳои боҳашамати 8 ошёна, ки бо қуллаҳои сарсафеду бошукӯҳи ин мавзеъ ҳамсонанд, диққати  ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунанд.

ХУСРАВ ШОҲСАИДОВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 3
  • 556
  • 578
  • 198,060