ХУНИ ТУ ҲАЁТИ КАСЕРО НАҶОТ МЕБАХШАД: 14 июн Рӯзи ҷаҳонии донори хун

ХУНИ ТУ ҲАЁТИ КАСЕРО НАҶОТ МЕБАХШАД: 14 июн Рӯзи ҷаҳонии донори хун
Июн 14
12:37 2019

Аз соли 2005 инҷониб  дар саросари ҷаҳон  14 июн  Рӯзи ҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ Карл Ландштейнер — барандаи мукофоти нобелӣ интихоб шудааст, ки аввалин маротиба гурӯҳи хунро муайян намудааст.

Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузории ин рӯз, пеш аз ҳама   ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорҳо мебошад.   Дар Тоҷикистон низ ҳар сол бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои  гуногун баргузор мегарданд. Муҳимтарин барнома-баргузории нуқтаҳои сайёри хунгузаронӣ дар саросари  мамлакат аст, ки дар ин рӯз ташкил карда мешавад ва сокинони ҷумҳурӣ таҳти шиорҳои «Хун супор ва ҳаётеро наҷот деҳ», «Хуни ту ҳаёти касеро наҷот мебахшад» ба марказҳои қабул омада, хун месупоранд.

Шахсони аз 18 то 65-сола, ки тарзи ҳаёти солим пеш мебаранд, донори хун шуда метавонанд, — зикр намуд дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун Азмиддин Қутбиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари синну сол вазни хунсупоранда ё донор низ аҳамият дорад ва он набояд аз 50 кг кам бошад. Барои хуни супорида як миқдор маблағ ҳам дода мешавад, ки он аз 80 то 120 сомониро ташкил медиҳад.

«Хунсупорӣ фоидаовар аст. Бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Аз ҳама муҳим, ҳаёти касеро наҷот медиҳад»,-  иброз  намуд  А. Қутбиддинов.

Бино ба иттилои ҳамсуҳбат,  соли 2018 дар ҷумҳурӣ наздики 50 ҳазор хунсупорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар 5 моҳи соли  равон  бошад  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 3 то 4 фоиз сафи донорҳо зиёд шудааст. Ин гувоҳи он аст, ки сол то сол сафи донорҳо зиёд мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ғайр аз Маркази ҷумҳуриявии илмии хун боз намояндагиҳои ин марказ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон фаъолият менамоянд. Дар шаҳри Хоруғ шуъбаи алоҳидаи хунгузаронӣ дар назди Маркази саломатии вилоятӣ фаъол аст. Марказҳои зикршуда аз рӯйи меъёрҳои муайяннамудаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар сокини ҷумҳурӣ аз ташхисҳои муайяншуда гузашта, баъдан хун  месупоранд.

«Доноре, ки хун месупорад, қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузарад, гурӯҳи хун муайян карда мешавад, ташхиси гемоглобин гузаронида мешавад. Баъди ташхис дақиқ мекунем, ки оё дар таркиби хуни донор бемориҳои сирояткунанда, аз қабили СПИД, ВИЧ, гепотити В, С, сифлис ва ба ин монанд бемориҳое, ки сироятӣ ва барои ҳаёти шахс хатарнок ҳастанд, ба қайд гирифта мешаванд ё не.    Агар яке аз ин ташхисҳо ҷавоби қонеъкунанда надиҳад, пас аз доноршаванда хун гирифта намешавад. Баъзе нишондиҳандаҳои бартарафшаванда, аз ҷумла, вазни кам, бемории муваққатӣ, нишондоди ками гемоглобин дар таркиби хун ва ба ин монанд бемориҳое ҳастанд, ки пас аз муддате бартараф мешаванд ва шахс метавонад хун супорад»,-афзуд номбурда.

Тибқи Қонуни ҶТ «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд, то «Донори фахрӣ» шаванд. Унвони мазкур ба соҳибони он баъзе имтиёзҳо медиҳад, аз ҷумла, ба нафақа 10 дарсад зам намуда, ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ ва истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббиро фароҳам меорад.

Имсол ҳам ниҳодҳои зертобеи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар саросари ҷумҳурӣ  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун маъракаи хунсупорӣ доир менамоянд.   Солҳои қаблӣ нафарони зиёде дар чунин чорабиниҳо иштирок карда, хун супоридаанд, ки ба андешаи мутахассисон, он барои наҷоти садҳо нафар кумак кардааст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 17
  • 300
  • 179,771